Тоҷикистон лабораторияи истеҳсоли истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ сохтан мехоҳад

Asia-Plus

Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Бег Сабур аз ширкатҳои мобилӣ даъват кард, ки бояд дар соли ҷадид ба боло бурдани сатҳи фарогирии мавҷи алоқаи мобилӣ дар кишвар ва сифати хадамоти мобилӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар ин хусус дар ҷаласаи навбатии масъулини соҳаи алоқа ва намояндагони операторони мобилӣ сухан рафта, ҳамчунин дар он масъалаи навсозии истгоҳҳои базавӣ ва ироаи хизматрасониҳо алоқаи мобилӣ бо сифати баланду дастрас ба таври ҳамешагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Роҳбари Хадамоти алоқа Бег Сабур аз ҳозирин даъват намудааст, ки дар ин замина фикру мулоҳизоти худро ба Хадамоти алоқа пешниҳод намоянд.

“Дар ин бора пас аз ҷамъбасти хулосаҳои дақиқ ва такмил шудани раванди ҳуҷҷатгузорӣ маълумоти муфассал дода хоҳад шуд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, зимни ҷаласа намояндагони операторони мобилӣ ба сардори Хадамот дар бораи иҷрои супоришҳои президенти Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳисобот доданд.

“Талаботи аҳолӣ ва тамоми соҳаҳо ба алоқаи мобилӣ, махсусан интернет, рӯз аз рӯз бештар шуда, ҳамзамон технологияҳои нав ба таври зудҳангом вориди бозори телекоммуникатисионӣ мешаванд, таъкид доштааст Бег Сабур. –  Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки навсозии истгоҳҳои базавӣ ва ироаи хизматрасониҳо алоқаи мобилӣ бо сифати баланду дастрас ба таври ҳамешагӣ идома ёбад”.

Ҳамчунин дар ҷаласа масоили ҳамкорӣ бо шарикон аз Чин, аз ҷумла ширкати «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» дар мавриди навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон баррасӣ шудаааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа таъсиси корхона-лабораторияи ватании истеҳсоли таҳҷизоти соҳаи алоқа, махсусан истгоҳҳои базавии алоқа, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, зикр шудааст, ки ҳадаф аз таъсиси чунин корхона, пеш аз ҳама кам намудани вобастагии бозори телекоммуникатсионии кишвар аз технологияҳои хориҷӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...