Мансабдорони тоҷик ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Дар нишасти матбуотӣ, ки дар як сол ду маротиба баргузор мешавад, роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ниҳоди зери роҳбарии худ дар давраи ҳисоботӣ маълумот медиҳанд. Ин нишастҳои матбуотӣ тибқи супориши раиси […]

Asia-Plus

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Дар нишасти матбуотӣ, ки дар як сол ду маротиба баргузор мешавад, роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ниҳоди зери роҳбарии худ дар давраи ҳисоботӣ маълумот медиҳанд.

Ин нишастҳои матбуотӣ тибқи супориши раиси ҷумҳур аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд.

Солҳои охир рӯзноманигорони тоҷик аз мушкили дастрасии иттилоот дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд нишастҳои матбуотӣ дар як сол ду маротиба баргузор мешавад, вале шеваи баргузории он ва посухҳо ба саволҳои рӯзноманигрон на ҳамеша қонеъкунанда аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.