Ҷузъиёти нави таркиш дар Кирмон. Мақомоти Эрон аввалин номҳоро эълон кард

Asia-Plus

Вазорати иттилооти Эрон бо нашри иттилоия ҷузъиёти таркиш дар Кирмонро эълон карда, гуфт, таҳиягар ва ду иштирокчии он шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Иттилое, ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон таъйид накардаанд.

Ба иттилои манбаъ, таҳиягари таркиш як тоҷикистонӣ, бо номи мустаори “Абдуллоҳи тоҷик” ва номи дигарӣ Бозоров Исроил Амонуллоевич будааст.

Вазорати иттилооти Эрон иддао кардааст, ки “Абдуллоҳи тоҷик” рӯзи 28-уми декабри соли 2023 ба таври ғайриқонунӣ ва аз ҷониби қочоқчиёни маҳаллӣ ҳамроҳ бо як зан ва як кӯдак тавассути марзҳои ҷанубу шарқӣ ба вилояти Кирмон ворид шуда, дар як хонаи иҷора маскан гирифтааст. Баъд аз сохтани василаи таркиш, ду рӯз пеш аз рух додани ҳодиса, Эронро тарк кардааст.

Ҳувияти яке аз ду нафари муттаҳамон ба таркиш муайян шудааст ва аз ӯ Бозоров Исроил Амонуллоевичи 24-сола ва шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад.

“Номбурда тавассути “Telegram” ба сафи ДОИШ* ҷалб гардидааст. Моҳҳои ахир ин бомбгузори маргталаб ба шаҳри Вани Туркия рафта ва пас аз он бо кумаки қочоқбарони воқеъ дар марзҳои ғарбӣ ва шарқии ин кишвар бо убур аз Эрон ба Афғонистон рафт. Дар он ҷо ба урдугоҳи гурӯҳи террористии ДОИШ дар вилояти Бадахшон пайваста, таълимоти такфирии ДОИШ-ро омӯхта ва тамринҳои гуногуни амалиётӣ ва террористӣ гирифта ва пас аз чанд моҳ ба Эрон фиристода шуд”, – омадааст дар иттилоияи Вазорати иттилооти Эрон.

Дар идома афзудааст, ки ӯ “аз марзи Каллегони шаҳри Саравон тавассути қочоқчиёни маҳаллӣ вориди кишвар шуда, пас аз гузаштан аз шаҳрҳои Хаш, Эроншаҳр ва Ҷирофт дар ниҳоят ба ҳамин манзили Кирмон рафта, ба террористи дар боло зикршуда (“Абдуллоҳи тоҷик”) пайвастааст”.

Дар бораи ҳувияти муттаҳами дуввум мушаххасан маълумоте надода, фақат гуфтааст, “нишондодҳои муҳиме ба даст омадаанд, ки пас аз дарёфти ҷузъиёти пурра эълон хоҳанд шуд”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Аҳмад Воҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон мегӯяд, яке аз муттаҳамон тоҷик буда ва “ба эҳтимоли зиёд дувумӣ низ тоҷик аст”.

То кунун дар вилоятҳои Кирмон, Систон, Балуҷистон, Хуросони Разавӣ, Исфаҳон, Теҳрон ва Озарбойҷони Ғарбӣ 35 нафар боздошт шудаанд.

Тоҷикистон то ҳол расман ба ин қазия вокуниш нишон надодааст.

Дирӯз аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки барои муайян кардани шахсияти “як зодаи Тоҷикистон”, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, дар таркише дар Кирмон муттаҳам мешавад, ба ниҳоди дахлдори Эрон ёддошт равон карданд ва интизори посух ҳастанд.

Бояд гуфт, ки дар пайи таркише, ки нимаи дуюми рӯзи 3-юми январ дар наздикии оромгоҳи фармондеҳи Нерӯҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ, дар музофоти Кирмони Эрон, содир шуд, 89 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...