Қариб 30 млн сомонӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баргардонида шуд

Дар соли 2023 бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия 244 миллиону 612 ҳазору 402 рубли русӣ (29 миллиону 353 ҳазору 488 сомонӣ) маоши муҳоҷирони кории тоҷик, ки корфармо напардохта буд, баргардонида шуд. Дар ин бора ин намояндагӣ хабар додааст. Ин ниҳод навиштааст, ки сабаби нопардохтани музди меҳнати муҳоҷирон набудани […]

Дар соли 2023 бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия 244 миллиону 612 ҳазору 402 рубли русӣ (29 миллиону 353 ҳазору 488 сомонӣ) маоши муҳоҷирони кории тоҷик, ки корфармо напардохта буд, баргардонида шуд. Дар ин бора ин намояндагӣ хабар додааст.

Ин ниҳод навиштааст, ки сабаби нопардохтани музди меҳнати муҳоҷирон набудани шартномаи меҳнатӣ, номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо, баъзан сифати пасти иҷрои корҳо мебошад.

Намояндагӣ гуфтааст, масъалаи нопардохтани музди меҳнати муҳоҷиронро тариқи суд баррасӣ карда, маблағи онҳоро баргардонидааст.

“Азбаски муҳоҷирон бе шартномаи меҳнатӣ ба кор шуруъ намуда, дар ягон ҳуҷҷати расмӣ ному насабашон ба қайд гирифта нашудааст ва ғайр аз ин, одатан муҳоҷирон ному насаби кордиҳандаи аслӣ, суроғаи ҳуқуқии корхонаро намедонанд, пайгирии масъалаи исботи муомилаи коргар бо корфармо мушкилӣ эҷод мекунад”, – гуфтааст ин ниҳод.

Бо ишора ба ин, онҳо ба муҳоҷирон тавсия додаанд, ки минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Русия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ маҳфуз нигоҳ доранд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба намояндагии онҳо дар шаҳри Маскав ва Ҳавзаҳои федералии Русия бо рақамҳои зерин муроҷиат кунанд:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Маскав: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;

3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;

4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.