“Сомон Эйр” аз Хуҷанд ба Дубай, Ҷидда ва Истамбул парвозҳоро боз мекунад

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ифтитоҳи парвозҳои мустақими байналмилалӣ дар хатсайрҳои Хуҷанд-Дубай-Хуҷанд, Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд ва Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд хабар медиҳад. Парвозҳо аз Хуҷанд ба Дубай аз 4-уми феврали соли ҷорӣ ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ба нақша гирифта шудаанд. Вақти парвоз аз Хуҷанд соати 20:10. Ба самти муқобил – 00:10 (шаби Душанбе). Инчунин аз 6-уми феврал парвозҳо аз […]

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ифтитоҳи парвозҳои мустақими байналмилалӣ дар хатсайрҳои Хуҷанд-Дубай-Хуҷанд, Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд ва Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд хабар медиҳад.

Парвозҳо аз Хуҷанд ба Дубай аз 4-уми феврали соли ҷорӣ ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе ба нақша гирифта шудаанд. Вақти парвоз аз Хуҷанд соати 20:10. Ба самти муқобил – 00:10 (шаби Душанбе).

Инчунин аз 6-уми феврал парвозҳо аз Хуҷанд ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе анҷом мешаванд. Вақти парвоз аз Хуҷанд 21:15, аз Ҷидда – 02:30 (шаби чоршанбе).

Аввалин парвоз дар масири Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд рӯзи 7-уми март сурат гирифта, минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ба роҳ монда мешавад. Парвоз аз Хуҷанд соати 10:00, ба самти муқобил – соати 15:15 ба вақти маҳаллӣ анҷом мешавад.

Илова бар ин, аз 22-юми январ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Алмаато ҳафтае се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе парвоз хоҳад кард.

Ҳамчунин, аз 24-уми январ ширкати “Сомон Эйр” теъдоди парвозро аз Душанбе ба Тошканд зиёд карда, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа анҷом медиҳад. Ҳама парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки айни ҳол ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвоз мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.