Имрӯз дар Қатар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023 оғоз мешавад

Asia-Plus

Имрӯз, 12 январ дар Қатар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё оғоз мегардад. Дар мусобиқа 24 мунтахабҳои миллӣ, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Мусобиқа то 10 феврали соли 2024 идома меёбад. Бозиҳо дар 8 варзишгоҳ, аз ҷумла 6 варзишгоҳи чемпионати ҷаҳон дар соли 2022 дар Қатар баргузор мешаванд. Вохӯриҳо дар 5 шаҳри кишвар- пойтахт Давҳа, Ал-Ҳаур, Лусаил, Ар-Раён ва Ал-Вақр доир мегарданд.

Дар марҳилаи аввал 24 даста ба 6 гурӯҳи ҳар кадоме иборат аз 4 даста тақсим шудаанд. Ду дастаи аввал аз гурӯҳҳо ва инчунин аз 6 дастаи зинаи 3-юми гурӯҳҳо 4-тоаш бо холҳои зиёдтар ва натиҷаи беҳтар ба даври 1/8 финалӣ роҳ меёбанд.

Марҳилаи 1/финалӣ ё худ плей-офф рӯзи 28 январ оғоз мешавад.

Қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа – Қатар унвони худро дар кишвари худ ҳимоят карда, дар бозии маросими ифтитоҳ бо тими Лубнон бозӣ мекунад. Бозии аввал баъди маросими ифтитоҳ имрӯз, 12 январ дар Варзишгоҳи миллии Лусаил баргузор мешавад.

Қатар ва Лубнон дар гурӯҳи “А” бозӣ карда, Тоҷикистон ва Чин ҳам ба ин гурӯҳ шомиланд. Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии қора ширкат меварзад.

Бозии аввали худро Тоҷикистон рӯзи 13 январ бо тими Чин мегузаронад. Дар даври дуюм рӯзи 17 январ футболбозони тоҷик бо тими мизбони Ҷоми Осиё-2023 – Қатар вомехӯрад. Дар даври сеюми ниҳоии гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 22 январ бо дастаи Лубнон рақобат мекунад.

Ҳайати гурӯҳҳои Ҷоми Осиё-2023:

Гурӯҳи “А”: Қатар, Чин, Лубнон ва Тоҷикистон

Гурӯҳи “В”: Австралия, Ӯзбекистон, Сурия, Ҳиндустон.

Гурӯҳи “С”: Эрон, АМА, Гонконг, Фаластин;

Гурӯҳи “D”: Ҷопон, Индонезия, Ироқ, Ветнам;

Гурӯҳи “Е”: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Урдун, Баҳрайн;

Гурӯҳи “F”: Арабистони Саудӣ, Таиланд, Қирғизистон, Уммон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...