Тоҷикистон бозиро бо Чин дар Ҷоми Осиё мусовӣ анҷом дод. Сегрт чӣ гуфт?

Date:

Бозии аввалини мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа бо Чин мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.

Тавре ки Федеатсияи футоли Тоҷикистон хабар медиҳад, вохӯрӣ дар варзишгоҳи Абдулло бин Халифа баргузор шуд.

Гуфта мешавад,  дар қисмати зиёди бозӣ бо Чин футболбозони тоҷик бартариятро дар даст дошта, ба самти дарвозаи ҳариф 20 зарба заданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Лекин аз ҳар ду ҷониб зарбаҳо ба ҳадаф нарасида, бозӣ ҳамин тавр мусовӣ – 0:0 анҷом пазируфт.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт натиҷаҳои вохӯриро бо тими Чин чунин шарҳ дод:

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи “А” мизбони Ҷоми Осиё-2023 – мунтахаби Қатар дастаи Лубнонро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст дод.

Дирӯз мунтахаби Тоҷикистон дар Давҳа тамрин гузаронид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар вохӯрии дуюми худ дар гурӯҳ мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 17 январ бо тими Қатар бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Ал-Байт” дар Давҳа доир мегардад. Бозӣ соати 17:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ (соти 19:30 дақиқа ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Бозиҳои дигаре, ки то имрӯз дар Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуданд, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфтанд:

Гурӯҳи “В”: Австралия – Ҳиндустон – 2:0, Ӯзбекистон – Сурия – 0:0; Гурӯҳи “С”: АМА – Гонконг – 3:1, Эрон – Фаластин – 4:1; Гурӯҳи “D”: Ҷопон – Ветнам – 4:2.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...