Тоҷикистон бозиро бо Чин дар Ҷоми Осиё мусовӣ анҷом дод. Сегрт чӣ гуфт?

Бозии аввалини мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа бо Чин мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Тавре ки Федеатсияи футоли Тоҷикистон хабар медиҳад, вохӯрӣ дар варзишгоҳи Абдулло бин Халифа баргузор шуд. Гуфта мешавад,  дар қисмати зиёди бозӣ бо Чин футболбозони тоҷик бартариятро дар даст дошта, ба самти дарвозаи ҳариф 20 зарба заданд. Лекин […]

Бозии аввалини мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа бо Чин мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.

Тавре ки Федеатсияи футоли Тоҷикистон хабар медиҳад, вохӯрӣ дар варзишгоҳи Абдулло бин Халифа баргузор шуд.

Гуфта мешавад,  дар қисмати зиёди бозӣ бо Чин футболбозони тоҷик бартариятро дар даст дошта, ба самти дарвозаи ҳариф 20 зарба заданд.

Лекин аз ҳар ду ҷониб зарбаҳо ба ҳадаф нарасида, бозӣ ҳамин тавр мусовӣ – 0:0 анҷом пазируфт.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт натиҷаҳои вохӯриро бо тими Чин чунин шарҳ дод:

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи “А” мизбони Ҷоми Осиё-2023 – мунтахаби Қатар дастаи Лубнонро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст дод.

Дирӯз мунтахаби Тоҷикистон дар Давҳа тамрин гузаронид.

Дар вохӯрии дуюми худ дар гурӯҳ мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 17 январ бо тими Қатар бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Ал-Байт” дар Давҳа доир мегардад. Бозӣ соати 17:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ (соти 19:30 дақиқа ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Бозиҳои дигаре, ки то имрӯз дар Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуданд, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфтанд:

Гурӯҳи “В”: Австралия – Ҳиндустон – 2:0, Ӯзбекистон – Сурия – 0:0; Гурӯҳи “С”: АМА – Гонконг – 3:1, Эрон – Фаластин – 4:1; Гурӯҳи “D”: Ҷопон – Ветнам – 4:2.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.