ВКХ: Тоҷикистон ҷонибдории комили худро аз сиёсати “Чини воҳид” изҳор медорад

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба интихоботи президентӣ дар Тайван, ки рӯзи 13 январ баргузор ҳуд, изҳорот нашр кард.

“Тоҷикистон бинобар ба истилоҳ интихоботи 13 январи соли ҷорӣ дар Тайвани Чин баргузоршуда, ҷонибдории комили худро аз сиёсати "Чини воҳид" изҳор медорад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад”, – таъкид мешавад дар изҳороти Вазорат, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки “Тоҷикистон бо эътирофи Тайван ба сифати ҷузъи ҷудонашавандаи қаламрави Чин, қатъиян бар зидди ҳама гуна кӯшишҳои дахолати беруна ба корҳои дохилии ин кишвари дӯст аст”.

Ба иттилои tengrinews.kz, Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон низ ба ин монанд изҳорот нашр карда, дар он таъкид дошт, ки Қазоқистон “талошҳои ҳукумати Чинро дар мавриди бо роҳи сулҳ муттаҳид шудани кишварро дастгирӣ мекунад.

“Дар робита ба интихобот дар Тайван Қазоқистон бори дигар изҳор мекунад, ки сиёсати “Чини воҳид”-ро дастгирӣ карда, тасдиқ менамояд, ки  Чин ягона ҳукумати Қонунӣ буда, таммои Чинро намояндагӣ мекунад ва Тайван қисми ҷудонопазири қаламрави Чин мебошад”, – омадааст дар изҳорот.

Қобили зикр аст, ки дар интихоботи президентии рӯзи 13 январ дар Тайван бо касби 42%-и овозҳо номзад аз Ҳизби ҳокими демократии рушд Лай Тсиндэ пирӯз шуд, ки ҷонибдори мустақилияти Тайван аст.

Ба иттилои расонаҳо, номзад аз ҳизби Гоминдан Хоу Юи, ки ҷонибдори наздикшавӣ бо Чин аст, бохташро эътироф намуд. Ӯ 33%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм аз Ҳизби мардумии Тайванд Кэ Венчже ҳудуди 25%-и раъйҳоро касб кард.

Лай Тсиндэ ноиби президенти амалкунанда буда, пешвои Ҳизби демократии рушд мебошад. Ӯ худро “муборизи амалгаро (прагматикӣ) барои истиқлолияти Тайван” номида, дар ҳамин ҳол, изҳор медошт, ки Тайван аллакай кишвари соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол аст.

Лай Тсиндэ ҳамчунин зикр карда буд, ки ба рушди муносибатҳо бо ИМА ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар идома медиҳад.

Тайван аз соли 1949 аз ҷониби маъмурияти маҳаллӣ идора мешавад. Ин кор пас аз фирори боқимондаҳои неруҳои Гоминдан ба ин ҷо таҳти раҳбарии Чан Кайши баъди мағлубият дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Чин бар зидди пешвои коммунистҳо Мао Тсэдун сурат гирифта буд. Пекин Тайванро як музофоти Чин медонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...