Қазоқистон ба Тоҷикистон таҷҳизот барои табобати бемориҳои шуш такдим кард

Date:

Қазоқистон барои табобати бемориҳои шуш ба Тоҷикистон се таҷҳизоти тиббӣ фиристод. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, 40 нафар аз мутахассисони тоҷик, аз ҷумла, духтурони пулмонолог (роҳҳои нафас) курсҳои омӯзиширо оид ба истифодаи дурусти таҷҳизоти тиббӣ хатм кардаанд.

“Зимни машварати омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони кишвари Қазоқистон ба табибони мамлакат тарзу усули истифодаи таҷҳизоти BARK VibroLUNG омӯзонида шуд”, – менависад манбаъ.

Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қайд карданд, дастгоҳи виброакустикии BARK VibroLUNG барои табобати бемориҳои шуш ва мушкилоти шуш дар муассисаҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст. Принсипи кории дастгоҳ ба таъсири сигнали пурқуввати виброакустикӣ асос ёфта, муҳлати хизматрасонии он 10 сол мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...