Қазоқистон ба Тоҷикистон таҷҳизот барои табобати бемориҳои шуш такдим кард

Қазоқистон барои табобати бемориҳои шуш ба Тоҷикистон се таҷҳизоти тиббӣ фиристод. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, 40 нафар аз мутахассисони тоҷик, аз ҷумла, духтурони пулмонолог (роҳҳои нафас) курсҳои омӯзиширо оид ба истифодаи дурусти таҷҳизоти тиббӣ хатм кардаанд. “Зимни машварати омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони […]

Қазоқистон барои табобати бемориҳои шуш ба Тоҷикистон се таҷҳизоти тиббӣ фиристод. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, 40 нафар аз мутахассисони тоҷик, аз ҷумла, духтурони пулмонолог (роҳҳои нафас) курсҳои омӯзиширо оид ба истифодаи дурусти таҷҳизоти тиббӣ хатм кардаанд.

“Зимни машварати омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони кишвари Қазоқистон ба табибони мамлакат тарзу усули истифодаи таҷҳизоти BARK VibroLUNG омӯзонида шуд”, – менависад манбаъ.

Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қайд карданд, дастгоҳи виброакустикии BARK VibroLUNG барои табобати бемориҳои шуш ва мушкилоти шуш дар муассисаҳои тиббӣ пешбинӣ шудааст. Принсипи кории дастгоҳ ба таъсири сигнали пурқуввати виброакустикӣ асос ёфта, муҳлати хизматрасонии он 10 сол мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.