Таркиши Кирмон, ягона интихоби одилонаи кадрӣ ва парҳез аз “як пиёла чой”

Исматуллоҳ Абдуллоҳ, махсус барои Asia-Plus

“Почему таджики становивятся террористами” – бо ин ном дар саҳифаи якумаш ҳафтанома “Азия Плюс“ мусоҳиба бо коршинос, Рустам Азизӣ нашр кардааст.

Мусоҳиба дар пасманзари таркиши Кирмони Теҳрон, ки мақомоти ин кишвар дар он ду зодаи Тоҷикистонро муттаҳам карданд,баргузор гардида, аз он бонги хатар зада шудааст, ки дар як соли охир номи наздики 10 зодаи Тоҷикистон дар робита ба амалҳои террористӣ ёд шудааст. Аз ин лиҳоз, ӯ аз Рустам Азизӣ ба ин савол посух ҷустааст: чӣ метавонад одамонро ба гурӯҳҳои тундрав ҷалб кунад ва таркишҳои Эрон ба муносибати ин кишва бо Тоҷикистон чӣ таъсир метавонад расонад?

Ба таври муфассал мусоҳибаро дар ҳафтаномаи “Азия Плюс“ мутолиа кунед.

Инчунин, матлабҳои ҷолиби дигар – “План по сбору хлопка не выполненваСадись, 10. Нужно ли Таджикистану переходить на 10-балльную систему оценок в школах?”-ро аз нашри ин ҳафтаи “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

“Аз хӯрдани “як пиёла чой” даст кашед”

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар матлаби “Нишастҳои камранг” назари журналистонро дар бораи нишастҳои матбуотӣ пурсидааст.

“Матни суханрониҳо ва гузориши масъулонро мешавад ба расонаҳо аз тариқи почтаи электронӣ ва ё нусхаи чопии онҳоро дар ихтиёри журналистони ҳозир дар нишастҳои хабарӣ гузошт”, – гуфтааст рӯзноманигори шинохта Суҳроби Зиё.

Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори “Азия-Плюс” бошад, аз ҳамкоронаш даъват кардааст, ки аз хӯрдани “як пиёла чой” ва таърифу тавсифи масъулини ин ё он сохтор даст кашанд.

Дигарон чӣ гуфтаанд? Дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед.

“Як интихоби одилона ва оқилона”

Ҳафтаномаи “Фараж” ин ҳафта тағйироти кадрии дар сохтори идории давлатӣ рухдодаро бо номи “Дилзанак:-2024: Кӣ омад, кӣ рафт?” пайгирӣ кардааст.

Ба андешаи муаллиф, дар миёни тағйироти кадрӣ як интихоби одилона ва оқилона ин таъини Дилшод Раҳимӣ, фарҳангшиносӣ тоҷик, ба ҳайси намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО аст.

“Дигар аз пич-пичу мишмишҳо фақат як хулоса метавон баровард: Ё дигар дар Тоҷикистон ришваю ришвахорию дарди маҳалу минтақа нигароникунанда нест ва ё ба гирдоби мансаб, ки афтодӣ, аз он танҳо ё бо гуноҳи бузурге берун мешавӣ ё то мӯҳлати нафақа курсиатро аз ин идора ба дигар идора, аз ин вазоратхона ба дигараш, аз ин кумита ба дигар кумита, аз ин ноҳия ба дигараш мекӯчонӣ” – менависад муаллиф.

Ҳамчунин, матолиби “Бозор дар сарҳад”, “Файзобод: Чаро қонун зери по мешавад?”-ро аз ҳафтаномаи “Фараж” мутолиа кунед.

“Дӯстӣ обод мешавад!?”

Муаллифи ҳафтаномаи “СССР” Нуриддин Қосимзода дар матлаби “Дӯстӣ обод мешавад!?” аз вазъи ноҳияи Дӯстӣ хонандаро огоҳ кардааст. Дар ин матлаб муаллиф Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Дӯстиро харобазор ва бинои ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолиятро садамавӣ гуфтааст. Муаллиф ҳатто ба кормандони ҷамоати мазкур аҳсанд мехонад, ки дар чунин шароит ба мардум хидмат мекунанд.

Дар бораи Литсейи касбӣ-техникӣ бошад, чунин навиштааст: “Тамошои чунин мавзеъ андешаҳои касро ба солҳои баъдиҷангӣ мебараду вайронаи он солҳо пеши кас намудор мегардад”.
Дар ноҳияи Дӯстӣ боз чӣ камбудиҳо ҳаст? Метавонед бо хондани матлаб ба ин суол ҷавоб ёбед.

“Шердиле аз “ҷигари Кӯлоб” ва “Номи ман Масхарабоз!” аз матлабҳои дигари хонданбоби ҳафтаномаи “СССР” аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...