Чӣ гуна тоҷикон ба Ленингради муҳосирашуда кумак карданд?

Ғафур Шерматов, махсус барои Asia-Plus

81 сол пеш, 18 январи соли 1943 муҳосираи Ленинград рахна шуд. Мудофиаи 900-рӯзаи Ленинград ягона намуна дар таҷрибаи ҳарбии ҷаҳон аст.

Шаҳре, ки бо муҳосира аз кишвар ҷудо шуда буд, тақрибан се сол зиндагӣ карда, гӯё тариқи ягона раги хунгардаш – тавассути кӯли Ладога бо ғизо таъмин мешуд. Дар давраи муҳосира садҳо хазор нафар ленинградиҳо аз гуруснагӣ ва ҳамлаҳои оташфишон ҳалок шуданд. Вазъияти нохуби шаҳр ва азоби сокинони он акнун бо ҳама ҷузъиёташ маълум аст.

Сталинобод яке аз аввалинҳо шуда ба Ленингради муҳосирашуда дасти ёрӣ дароз кард. Ба ин тариқ, дар рӯзи Соли нави 1942 аз Сталинобод (Душанбеи ҳозира) аввалин қатора бо хӯрокворӣ барои Ленингради муҳосирашуда фиристода шуд.

Он замон сокинони шаҳр 17 ҳазор қуттӣ консерву мураббо, 60 тонна меваи хушк, консентратхои ғизо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ фиристоданд. Ҳайати вакилонро раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС (РСС) Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев роҳбарӣ мекард.

Боз як қатораи махсус бо озуқаворӣ аз Сталинобод ба шаҳри муҳосирашуда тобистони соли 1942 фиристода шуд.

Тоҷикистон сокинони гурехтаи вилоятҳои ғарби Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)-ро қабул кард. Давоми моҳҳои июн – декабри соли 1941 ва соли 1942 қариб 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Украина, Беларус, ҷумҳуриҳои назди Балтика, Маскав ва Ленинград ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Танҳо ба Сталинобод зиёда аз 20 ҳазор нафар калонсолон ва кӯдакон аз Ленингради муҳосирашуда кӯчонда шуданд. Дар моҳҳои октябр – декабри соли 1941 ба шаҳр қатораҳо бо ҳайати театрҳои кӯчонидашуда меомаданд. Дар байни онҳо Театри маъруфи эстрадӣ ва миниатюраи Ленинград ба номи Аркадий Райкин, Театри мазҳакавии Ленинград ва ғайра буданд.

Тирамоҳи соли 1941 тарбиятгирандагон ва мураббиёни 2 хонаи бачагони Ленинград ва вилояти Ленинград ба Сталинобод омаданд. Бисьёре аз кӯдакон навиштае аз Шӯрои шаҳри Лениградро бо худ доштанд:

«Ба Шӯрои шаҳри Сталинобод! Инҳо фарзандони коргарони Ленинград мебошанд, ки барои мухофизати шаҳр монданд. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки онҳоро дар яке аз хонаи бачагони худ нигоҳ доред, агар падару модари онҳо вафот кунанд, ин бачагонро Шӯрои шаҳри Ленинград таҳти сарпрастии худ мегирад».

Ғайр аз ин, дар байни муҳофизони Ленинград сарбозон аз Тоҷикистон низ буданд. Маҳз дар фронти Ленинград зодаи ноҳияи Ашт Тӯйчӣ Эрйигитов корнамоии Александр Матросовро такрор карда, ба унвони Қаҳрамони Иттиҳодӣ Шӯравӣ шарафёб гардид.

Дар фронти Ленинград мерганҳо (тирандозон) Тешабой Одилов ва Шукрулло Исоев шуҳрати зиёд доштанд. Шаҳри соҳили Неваро се бародар — афсарони артиллерия Баҳруддин, Зайниддин ва Муҳаммад Осимовҳо ҳимоя мекарданд.

Яке аз онҳо — Муҳаммад Осимов баъди ҷанг мутахассиси намоёни ҳастишиносӣ (онтология) ва маърифташиносӣ (гносеология) гардида, то зинаҳои академик ва президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон расид.

Дар муҳорибаҳо барои Ленинград аскарони пиёда Шукрулло Иброҳимов, лётчикҳо Т.Гаврилов, С.Ятсковский низ далериву шуҷоат нишон доданд.

Мебояд гуфт, дар рӯзҳое, ки Ленинград дар ҳалқаи муҳосира нафасгардон мешуд, матбааҳои Ленинград, ки кормандонашон аз гурустнагӣ варам карда буданд, барои хонандагони ҷумҳурӣ миқдори зиёди китобҳои дарсиро ба забони тоҷикӣ чоп карда, ба Душанбе фиристоданд.

Пас аз ҷанг шоир Муъмин Қаноат бахшида ба ин рӯйдод достони “Китоби захмин”-ро таълиф кард…

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...