Размикори ММА Аъзам Ғаффоров: Муҳориба бо Гомеш имконест ба ман барои қасосгирӣ

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Размикори Лигаи АСА аз Тоҷикистон Аъзам Ғаффоров барои роҳ ёфтан ба даври финалии Гран-при рӯзи 9 январ дар Маскав бо варзишгар аз Бразилия Алан Гомеш дар АСА 170 рақобат мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти АСА – Absolute Championship Akhmat – Лигаи промоутерии Русиуя, ки аз рӯи ММА, кикбоксинг ва ҷиу-ҷитсу мусобиқаҳо ташкил мекунад, хабар медиҳад.

Пеш аз рақобат Аъзам Ғаффоров дар бораи рӯҳия ва омодагиаш дар рақобат бо Алан Гомеш, ки соли 2021 вохӯрда, бо нокаут аз ӯ шикаст хӯрда буд, чунин изҳори назар кард:

“Барои ман рақобат бо Гомеш нисбат ба қувваозмоӣ бо Курбан Гаджиев шавқовартар аст. Ин рақобат қиссаи худро дорад. Ин барои ман имконест барои қасосгирӣ. Зарбаҳои ӯ хеле қавианд. Рақиби хеле арзанда аст. Вақте ӯро барои ман ҳариф пешниҳод карданд, дарҳол розӣ шудам. Акнун ҳадафи ман натанҳо ба финали Гран-при баромадан, балки қасосгирӣ ҳам ҳаст. Ин бештар маро ангеза медиҳад”, – гуфтааст Ғаффоров.

Аъзам Ғаффоров дар Муъминобод ба дунё омада, дар оилаашон бо шумули худаш панҷ фарзанданд. Пас аз хатми мактаби олӣ Аъзам ба Маскав рафта, дар набор кор мекард ва ҳамзамон ба машқу тамрин ҳам машғул мешуд.

Иштироки худро дар муҳорибаҳои омехтаи касбӣ соли 2015 аз ташкилоти Octagon Fighting Sensation оғоз кард.

Баъди чанде аз муҳорибаҳои муваффақона дар лигаҳои Русия, тақдир Аъзамро ба Чин бурда, дар он ҷо дар промоушени WFL Wars ду қувваозмоӣ гузаронид.

Пас аз ин Аъзам Иван Андрюшенкоро дар АСВ шикаст дода, баъди ба табдил ёфтани ин ташкило ба АСА, дар он мавқеи устувор пайдо кард. Дар қувааозмоии аввалин Ғаффоров аз Юнус Евлоев шикаст хӯрда, дар муҳориба бо Мансур Хатуев дастболо шуд. Сипас аз Чарлз Энрик ва Алан  Гомеш (ҳарду аз Бразилия) шикаст хӯрд.

Рӯзи 11 августи соли 2023 Ғаффоров дар чаҳорчӯби даври чаҳоякфиналии Гран-прии АСА дар вазни сабуктарин бо Вартан Асатрян рақобат кард. Бо қарори ҷудогонаи доварон Аъзам ғолиб дониста шуд.

Дар давоми қувваозмоиҳои худ Ғаффоров 15 бор дастболо шуда, 3 бор шикаст хӯрдааст. Гомеш бошад, 15 ғалаба, 5 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...