Тоҷикистон дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё бо АМА бозӣ мекунад. Имконияти футболбозони тоҷик чӣ гуна аст?

Asia-Plus

Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол баъди мусовӣ бо Чин, шикаст аз Қатар ва ғалабаи таърихӣ бар Лубнон бо касби 4 хол дар гурӯҳи “А” мақоми дуюмро ишғол карда, ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт ва ҳамакнун, бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), ки мисли тими Тоҷикистон бо як ғалаба бар Ҳонконг, мусовӣ бо Фаластин ва шикаст аз Эрон бо касби 4 хол дар гурӯҳи “С” мақоми дуюмро соҳиб шуд,  қувваозмоӣ хоҳад кард.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзи якшанбе, 28-уми январ, дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Тоҷикистон имкони ғалаба дорад?

Аксари таҳлилгарони футбол ва идораҳои букмекерӣ дар ин рақобат имконияти тими Амороти Муттаҳидаи Арабро нисбат ба тими Тоҷикистон бештар баҳо медиҳанд.

Аммо ба андешаи Сайфиддин Қараев, шореҳи варзиши “Asia-Plus”, чунин баҳогузории таҳлилгарон метавонад ба нафъи тими Тоҷикистон бошад.

“Дар марҳилаи плей-офф пешгӯӣ кардани натиҷаи бозӣ бисёр душвор аст, зеро бо фарқ аз марҳилаи гуруҳӣ, дар ин марҳила тимҳо бозии рақибони худро хуб омӯхтаву таҳлил мекунанд ва вобаста ба он бозигузорӣ менамоянд. Аммо ҳар дастае, ки ба ин марҳила роҳ ёфтааст, барои пирӯзӣ имконият дорад”, – мегӯяд Қараев.

Ӯ мегӯяд, дар ин бозӣ шояд тими Амороти Муттаҳидаи Араб имконияти бештар дошта бошад, зеро онҳо таҷрибаи иштирок дар ин мусобиқаро доранд ва ҳатто соли 2019 нишони биринҷии Ҷоми Осиёро соҳиб шудаанд, аммо тими Тоҷикистон ҳам метавонад дар сурати бозигузории хуб дар хати ҳуҷум ва дифоъ ғалаба кунад.

Ба қавли ӯ, баргаштани футболбози ҳайати асосӣ Ҳамадонӣ Камолов ҳам умедворкунанда аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ин ду тим ду маротиба бо ҳам вохӯрданд. Дар бозии дӯстонаи соли 2020 Аморати Муттаҳидаи Араб қавитар буд ва бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Дар вохӯрии 2-юми моҳи марти соли 2023 дастаҳо 0:0 мусовӣ карданд.

Бояд гуфт, ки тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабро мутахассиси португалӣ Пауло Бенту тамрин медиҳад. Дастаи феълӣ барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё мебошад. Соли 2019, ки Чемпионати Осиё дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, мизбонон ба даври ниманиҳоии ин мусобиқа роҳ ёфта буданд.

Тими миллии Тоҷикистон бошад, дар ин мусобиқоот бори аввал иштирок мекунад ва сармураббии он мутахассиси хорватӣ Петар Шегрт мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...