“Плей-Офф ин бурди Тоҷикистон аст”. Таассуроти сокинон аз пирӯзии футболбозони Тоҷикистон

Тими миллии Тоҷикистон, ки бори аввал дар Ҷоми Осиё оид ба футбол иштирок мекунад, пас аз ғалаба бар тими Лубнон ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт. Ин пирӯзии таърихӣ ба мухлисони футболи тоҷик шодиву нишоти беҳад овард. Дар ин робита, мо бо сокинону меҳмонони пойтахт оид ба таассурот ва интизориҳояшон аз бозии футболбозони тоҷик суҳбат […]

Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Тими миллии Тоҷикистон, ки бори аввал дар Ҷоми Осиё оид ба футбол иштирок мекунад, пас аз ғалаба бар тими Лубнон ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ин пирӯзии таърихӣ ба мухлисони футболи тоҷик шодиву нишоти беҳад овард. Дар ин робита, мо бо сокинону меҳмонони пойтахт оид ба таассурот ва интизориҳояшон аз бозии футболбозони тоҷик суҳбат оростем.

Дар суҳбати мо бештар ба голҳои бекоршуда, доварӣ ва вохӯрии футболбозон бо президент таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Ба ақидаи аксари сокинон, бозӣ бисёр ҷолиб буд ва тими мо футболи олиро намоиш дод.

Чандеи дигар баён доштанд, ки ба рӯҳияи футболбозони тоҷик, бешубҳа, вохӯрӣ бо президенти кишвар пеш аз бозӣ таъсир гузошт.

Умеду интизорӣ аз тими миллӣ бошад, аз ҳама як аст – ғалаба!

Муфассал дар навори зер тамошо кунед.

Чанде пеш баъди бозиҳои навбатӣ дар гурӯҳҳо, рақиби дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври 1/8 финалӣ (плей-офф) маълум шуд. Дар ин марҳила футболбозони тоҷик бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бозӣ мекунанд.

Ин бозӣ рӯзи 28-уми январ, соати 21:00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.