Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2023 гузориш дод

Asia-Plus

Дар маҷлиси васеи ҳукумат рӯзи 24 январ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳор дошт, ки ҳоло дар пойтахт сохтмони 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 28 ҳазор ҷойи нишаст ва 55 муассисаи томактабӣ барои 10 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад.

“Масъалаҳои беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим, сатҳи дониши хонандагон ва савияи касбии омӯзгорон таҳти ғамхориву дастгирии доимии роҳбарияти шаҳр қарор доранд”, – иброз дошт шаҳрдори пойтахт.

Рустами Эмомалӣ зикр кард, ки соли 2024 ба истифода супоридани 5 муассисаи таълимӣ бо 6400 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст.

Ӯ зикр кард, ки соли 2023 дар шаҳр 6 муассисаи таълимӣ барои 10 ҳазору 300 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 410 ҷой сохта, ба истифода дода шуд.

Зикр шуд, ки тайи 7 соли охир 42 муассисаи таълимӣ бо 70 ҳазор ҷойи нишаст ва 22 муассисаи томактабӣ барои беш аз 3 ҳазор тарбиятгиранда бунёд гардид.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта зиёда аз 41 ҳазор ҷойи нави корӣ ва тайи ду соли охир –  беш аз 83 ҳазор ҷойи нави корӣ  таъсис дода шуд.

Бо амалӣ намудани чорабиниҳои мақсаднок соли сипаришуда зиёда аз 6 ҳазор бонувон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд ва беш аз 3 ҳазор нафари онҳо аз рӯи ихтисосҳои гуногун курсҳои касбомӯзиро хатм намуданд.

Ба таъкиди раиси пойтахт, рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асосан аз ҳисоби афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 121 фоиз, савдо 112, хизматрасониҳои пулакӣ 120, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 107, боркашонӣ 116 ва мусофиркашонӣ 105 фоиз таъмин гардид.

“Дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ин давра вусъати тоза касб намуда, дар корхонаҳои саноатии шаҳр дар ин давра ба маблағи 4,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст”, – гуфт Рустами Эмомалӣ.

Сохтмон 12 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳрро ташкил намуда, соли сипаришуда дар он беш 5 ҳазору 200 сокинон бо ҷойи корӣ доимӣ ва 16 ҳазор бо ҷойи кории муваққатӣ ва маоши муносиб таъмин гардиданд.

Дар соли 2023 беш аз 550 ҳазор метри мураббаъ ва дар ҳафт соли охир 2,7 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода супорида шуданд, ки ин дастовард дар даврони соҳибистиқлолӣ бесобиқа буда, нисбат ба 7 соли пеш 2,1 миллион метри мураббаъ зиёд мебошад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳоло дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди зиёда аз 407 иншооту биноҳои таъиноти гуногун идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...