Боздошти 3 ҷавонзан дар Душанбе барои дашному ҳақорати муҳофизони тарабхона

Дар шаҳри Душанбе 3 нафар ҷавонзанон барои вайрони кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази дилхушии «Сайёра» боздошт шуданд. Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кормандони милитсияи пойтахт бо истифода аз маводи видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахсияти ин ҷавонзанонро муайян кардаанд: Мадина Пироваи 26-сола, Таманно Ҳасановаи 24-сола – ҳарду сокини шаҳри Турсунзода ва Фархунда […]

Дар шаҳри Душанбе 3 нафар ҷавонзанон барои вайрони кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази дилхушии «Сайёра» боздошт шуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кормандони милитсияи пойтахт бо истифода аз маводи видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахсияти ин ҷавонзанонро муайян кардаанд: Мадина Пироваи 26-сола, Таманно Ҳасановаи 24-сола – ҳарду сокини шаҳри Турсунзода ва Фархунда Қурбоноваи 27-сола – сокини шаҳри Ҳисор.

“Муайян карда шудааст, ки рӯзи 16 январ ҳангоми дар маркази дилхушии «Сайёра», воқеъ дар кӯчаи Яккачинор қарор доштан, онҳо нисбати муҳофизони тарабхонаи мазкур дашному ҳақорат намуда, бо алфози кабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар се дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки суд дар навбати худ нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.