Толибон пешниҳоди СММ барои таъини боз як намояндаи вижа дар Афғонистонро рад карданд

Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон, ба дипломатҳои 10 кишвар дар Кобул гуфтааст, ки зарурати таъини намояндаи нави вижаи СММ дар ин кишвар нест. Ба навиштаи рӯзномаи "8 субҳ", Зиёаҳмад Такал, муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон* дидори Муттақӣ бо сафирон ва сарони намояндагиҳои дипломатии Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ҳинд ва […]

Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон, ба дипломатҳои 10 кишвар дар Кобул гуфтааст, ки зарурати таъини намояндаи нави вижаи СММ дар ин кишвар нест.

Ба навиштаи рӯзномаи "8 субҳ", Зиёаҳмад Такал, муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон* дидори Муттақӣ бо сафирон ва сарони намояндагиҳои дипломатии Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ҳинд ва Туркия ва Индонезияро дар Кобул расонаӣ кард.

Муттақӣ дар ин дидор афзудааст, ки кишварҳои минтақа бояд барои “афзоиш ва идомаи ҳамкориҳои мусбат” бо Толибон машваратҳои минтақавӣ диҳанд.

Ба иттилои манбаъ, Муттақӣ аз ин дипломатҳо хостааст, ки паёми ибтикори минтақавии Толибонро ба кишварҳои худ расонанд.

Изҳороти Муттақӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ахиран қатъномаеро тасвиб кард, ки бар асоси он, ин созмон намояндаи вижаеро барои Афғонистон таъйин мекунад ва наҳваи  “муомила” бо Толибонро мушаххас мекунад.

Толибон қаблан бо таъйини намояндаи вижа барои Афғонистон мухолифат карда, гуфта буданд, ки таъйини намояндаи вижаи изофӣ лозим нест. Айни ҳол Роза Отунбоева, собиқ раиси ҷумҳури Қирғизистон, намояндаи СММ дар Афғонистон аст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.