Оғози тағйироти кадрӣ дар мақомоти қудратии Хатлон. Додситони нави вилоят ва муовинони ӯ таъин шуданд

Додситони нави вилояти Хатлон ва муовинони ӯ таъин шудаанд. Додситони шаҳри Кӯлоб, ҳамаи муовинонаш ва боз додситонҳои чанд навоҳии дигар низ аз вазифа озод гардидаанд. Сардорони раёсати шуъбаҳои ВКД дар чанд шаҳру наваҳии Хатлон ҳам барканор гардидаанд. Тағйироти мазкур дар пайи интиқоди шадид ва дастури қатъии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аз кори мақомоти қудратии вилояти […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Додситони нави вилояти Хатлон ва муовинони ӯ таъин шудаанд. Додситони шаҳри Кӯлоб, ҳамаи муовинонаш ва боз додситонҳои чанд навоҳии дигар низ аз вазифа озод гардидаанд. Сардорони раёсати шуъбаҳои ВКД дар чанд шаҳру наваҳии Хатлон ҳам барканор гардидаанд.

Тағйироти мазкур дар пайи интиқоди шадид ва дастури қатъии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аз кори мақомоти қудратии вилояти Хатлон сурат мегирад.

Ҳамин тавр, Ҷамшед Мирзохонзода, иҷрокунадаи вазифаи додситони вилояти Хатлон таъин шудааст. Ҷамшед Мирзохонзода то ин таъинот дар Додситонии кулл фаъолият дошт ва рутбаи генералӣ дорад.

Ҳамчунин, Бахтиёр Маҳмудзода иҷрокунандаи вазифаи муовини аввал ва Маҳмадризо Халифазода иҷрокунандаи вазифаи муовини додситони вилояти Хатлон таъин шудаанд.

Қаблан дар вазифаи додситони вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимов фаъолият дошт, ки пештар барканор гардида буд.

Тибқи иттилои дастрасгардида, Достизода Қутбуддин, додситони додситони шаҳри Кӯлоб ва ҳамаи муовинонаш аз вазифа озод гардидаанд.

Ҳамчунин, Фозилзода Амрулло, додситони ноҳияи Кӯшониён ва Салоҳиддин Исмоилзода, додситони шаҳри Бохтар низ аз вазифа озод шудаанд.

Ҳоло маълум нест, ки ба ҷои онҳо киҳо таъин гардидаанд.

Бояд зикр кард, ки айни ҳол ба ҷойи роҳбарони як қатор сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, аз ҷумла сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, сардори шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, ки қаблан озод карда шуда буданд, киҳо таъин шудаанд, маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки 19-уми январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар аз фаъолияти мақомоти қудратии кишвар дар вилояти Хатлон ба таври бесобиқа интиқод карда, дастур дод:

– сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ;

– прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо;

– сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони якчанд раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;.

– сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ;

– сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар

аз вазифа озод карда шаванд.

“Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои  хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи Шурои амният мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд”, – гуфта мешуд дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.