Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё

Asia-Plus

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё бар мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дастболо шуда, ба даври 1/4 финалии мусобиқа роҳ ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври чаҳорякфиналӣ футболбозони тоҷик бо ғолиби ҷуфти Ироқ – Урдун рақобат мекунанд.

Бозӣ бо тими АМА дар вақти асосӣ мусовӣ – анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм пас аз партоби Зоир Ҷӯрабоев Ваҳдат Ханнонов боз кард. Дар дақиқаи 90+5 ба футболбозони араб муяссар шуд, ки ҳисобро баробар кунанд.

Дар ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ низ ҳисоб бетағйир боқӣ монд. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра (пеналти) футболбозони мо ҳамаи 5 зарбаи аввалро ба дарвоза ворид намуда, дарвозабони Тоҷикистон Рустам Ятимов 1 зарбаи футболбозони арабро баргардонид.

Ҳамин тариқ, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол роҳ ёфта, дар ин марҳила бо ғолиби ҷуфти 1/8 финалии Ироқ – Урдун бозӣ мекунад. Вохӯрӣ рӯзи 2 феврал баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...