Игор Черевченко: “Мунтахаби Тоҷикистон бояд дар вақти асосӣ ғалаба мекард”

Asia-Plus

Собиқ сармураббии бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе Игор Черевченко аз таассуроташ дар бораи ғалабаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар бозии даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 изҳори назар кард.

Рӯзи 28 январ дар Қатар бозии даври 1/8 финалии Ҷоми Осиё оид ба футбол байни дастаҳои Тоҷикистон ва АМА доир гардид. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта, дар силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони тоҷик бо ҳисоби 5:3 дастболо шуданд.

“Ифтихор дорам. Тоҷикистон ватани ман аст. Барои комёбиҳои ватанам ҳамеша хурсандам. Аз футболбозон, ситоди мурабииён ва мухлисон миннатдорам”, – иброз доштааст ӯ ба портали metaratings.ru.

“Бар ин назарам, ки бояд дар вақти асосӣ ғолиб омада, бозиро то зарбаҳои 11-метра намерасониданд, – гуфтааст вай. – Лаҳзаҳаои хуби голзанӣ буд. Амороти Муттаҳидаи Араб қариб ягон лаҳзаи хубе ҳам ташкил карда натавонистанд, ба ҷуз ба паҳлучӯби дарвоза бархӯрдани тӯб дар охири бозӣ. Метавон бозии хуби дарвозабон Рустам Ятимовро зикр кард. Аҳсант ба ҳамаи футболбозон, тамоми қувваашонро барои ғалаба сарф карданд ва ба он ноил гардиданд”.

Ба ақидаи ӯ, ба 8-гонаи беҳтарин дастаҳои қораи Осиё шомил шудани Тоҷикистон пешрафти арзанда ва муваффақияти бузург аст.

“Ин ғалаба бисёртар ба туфайли Федератсияи футболи Тоҷикистон, бахусус президенти Федератсия ва президенти ҷумҳурӣ ба даст оварда шуд, зеро онҳо ба  футбол таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд”, – зикр кардааст ӯ.

Черевченко дар бораи сармурабии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт низ бо қаноатмандӣ ва самимият изҳори назар кард:

“Мо бо ӯ вохӯрии зиёд надоштем, лекин суҳбати самамӣ дар хотир мондааст. Ҳамаи ситоди мураббиёни “Истиқлол” ва ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон ҷамъ омада, якуним соат суҳбат доштем.

Сегрт ба ман таассуроти хуб гузошт. Намедонам, ки ӯ дар бораи ман чӣ фикр дорад (механдад), лекин мо ҳамаи футболбозон ва масъалаҳоро баррасӣ кардем. Суҳбати хеле хуб доштем”.

Ёдрас мекунем, ки дар даври 1/4 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт рӯзи 2 феврал бо ғолиби бозии  ҷуфти 1/финалии Ироқ – Урдун бозӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...