Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё бар мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дастболо шуда, ба даври 1/4 финалии мусобиқа роҳ ёфт. Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври чаҳорякфиналӣ футболбозони тоҷик бо ғолиби ҷуфти Ироқ – Урдун рақобат мекунанд. Бозӣ бо тими АМА дар вақти асосӣ мусовӣ […]

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё бар мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дастболо шуда, ба даври 1/4 финалии мусобиқа роҳ ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври чаҳорякфиналӣ футболбозони тоҷик бо ғолиби ҷуфти Ироқ – Урдун рақобат мекунанд.

Бозӣ бо тими АМА дар вақти асосӣ мусовӣ – анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм пас аз партоби Зоир Ҷӯрабоев Ваҳдат Ханнонов боз кард. Дар дақиқаи 90+5 ба футболбозони араб муяссар шуд, ки ҳисобро баробар кунанд.

Дар ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ низ ҳисоб бетағйир боқӣ монд. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра (пеналти) футболбозони мо ҳамаи 5 зарбаи аввалро ба дарвоза ворид намуда, дарвозабони Тоҷикистон Рустам Ятимов 1 зарбаи футболбозони арабро баргардонид.

Ҳамин тариқ, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол роҳ ёфта, дар ин марҳила бо ғолиби ҷуфти 1/8 финалии Ироқ – Урдун бозӣ мекунад. Вохӯрӣ рӯзи 2 феврал баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.