Номи деҳаи Санҷидзор дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодоми Тоҷикистон замоне расонаӣ гардид, ки яке аз сокинони он – Маҳина Исҳоқоваи 12-сола соли 2022 дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷойи сеюмро ишғол кард.
Шояд дар назари аввал ғолибияти духтараке дар як озмун аҷобате надошта бошад, аммо сухан аз духтараки қирғизтаборе меравад, ки дар озмун бо забони тоҷикӣ иштирок кардаву беш аз ҳазор байт аз ашъори шоирони тоҷик аз бар намудааст. Ва ин бори аввал аст, ки як сокини хурдсоли ин деҳа дар чунин озмун яке аз мақомҳои ифтихориро соҳиб мешавад ва ӯ ҳам духтараки қирғизтабор.
Ғолибият бо устоди тоҷик
Таърихи муваффақияти Маҳина ҳам дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бозгӯи рафоқату дӯстии ду миллат мебошад, зеро ӯро барои иштирок дар ин озмун Ҳилола Рӯзиева, муаллимаи тоҷик, ки роҳбари синфаш низ мебошад, ташвиқ ва омода кардааст.
“Муаллима Ҳилола Рӯзиева барои омода шудани ман ба озмун китобҳои даркориро пайдо карда, ҳатто ба хонаамон меоварданд, то ман вақтамро ба ҷустуҷӯи китоб сарф накарда, машғули омӯзиш шавам. Муаллимаи хеле меҳрубонанд ва баъди муваффақияти ман, шояд бештар аз ҳама муаллимаам хурсанд шуданд”, – мегӯяд Маҳина.
Намуна барои ишора
Баъдтар номи деҳаи Санҷидзор аз ҷониби Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом, тобистони соли 2023, дар нишасти матбуотӣ, бори дигар зикр гардид. Раиси шаҳр аз ҳамзистии осоиштаи сокинони ин деҳа ёдовар шуда, онро чун намоди ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазирии тоҷикону қирғизҳо тавсиф кард.
“Новобаста ба муноқишаву баҳсҳои марзӣ, сокинони ин деҳа, ки аксаран қирғизтабор мебошанд, тавонистаанд бо тоҷикони ҳамсояи худ дар фазои дӯстиву рафоқат зиндагӣ кунанд”, – гуфта буд Абдусалом Тухтасунзода.
Асрори ҳамзистии осоишта дар Санҷитзор
Санҷидзор, ки онро қаблан Ҷигдалик мегуфтанд, деҳаи начандон калон дар минтақаи каме дуртар аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар соҳили “Баҳри тоҷик” – обанбори Қайроқум мебошад.
Тибқи иттилои Раёсати омори вилояти Суғд, дар ин деҳа айни ҳол 993 нафар истиқомат мекунанд, ки тақрибан 90 дарсади онро аҳолии қирғизтабор ташкил медиҳад. Онҳо солҳо ин ҷониб ба ин деҳа омада, муқимӣ шудаанд ва бо тоҷикон ҳамзистиро ихтиёр кардаанд. Ин деҳа аз ҷумлаи минтақаҳои марзие аст, ки сокинони он новобаста аз муноқишаҳои марзӣ тавонистаанд фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро ҳифз кунанд.
Хоҷарой Юсупова, бибии Маҳина, ки дар Қирғизистон таваллуд шуда, барои зиндагӣ ба ин деҳа омадааст, мегӯяд, солҳо боз бо сӯзанидӯзӣ ва бофандагӣ машғул аст ва бо ҳамсоягони тоҷикаш ҳам ҳеҷ мушкиле надорад.
“Дар умри беш аз нимасраи худ боре ҳам барои қирғиз буданам мавриди ишора қарор нагирифтаам. Мегӯянд, ҳамсояро интихоб намекунанд. Ин рост аст, зеро ҳамсоя доди Худо аст ва ҳамзистии осоишта нишонаи идроки инсонҳо мебошад”, – мегӯяд Юсупова.
Ӯ таъкид мекунад, ки дар маъракаҳои хурсандиву азодории ҳамсоягон иштирок мекунад ва мавриди эҳтиром қарор мегирад. Ва чунин муносибат миёни тамоми сокинони деҳа ҳукмфармост.
Сироҷ Бозоров, омӯзгори мактаби №28 дар ин деҳа, ки беш аз 35 сол аст, ба фарзандони сокинони деҳаи Санҷидзор дарс мегӯяд, зикр мекунад, ки “ҳангоми тадриси фарзандони мардуми ин диёр ҳеҷ гоҳ ба миллати онҳо таваҷҷӯҳ намекунад, зеро онҳо ҳамагӣ барояш мисли фарзанданд”.
“Дар мактаби мо фарзандони тоҷикон ва қирғизҳо таҳсил мекунанд. Таълим бо забони қирғизӣ ҷараён мегирад. Дар тӯли фаъолияти худ садҳо нафарро таълим додаам, аммо боре ҳам нашунидаам, ки шогирдонам миёни ҳам вобаста ба миллат муноқиша карда бошанд. Ҳоло даҳҳо шогирдам ҳам аз миёни тоҷикон ва ҳам аз миёни қирғизҳо дар ҳар ҷое маро бинанд, “муаллим” гуфта, салом медиҳанд ва эҳтиром қоил мешаванд”, – мегӯяд ин муаллим.
Вақте аз ҳамсӯҳбатон дар бораи асрори ҳамзистии осоишта мепурсем, ҳарду – ҳам Хоҷарой Юсупова ва ҳам муаллим Сироҷ Бозоров ба як нукта ишора мекунанд: “Халқи тоҷику қирғиз миёни ҳам мушкиле надоранд, онҳо солҳо ҳамзистӣ доштанд ва хоҳанд дошт. Баҳсҳои марзӣ бошад, бояд зудтар ҳалли худро ёбад ва набояд ба муносибати ду халқ таъсири манфӣ расонад. Ин андешаро кулли бошандагони деҳа ҷонибдорӣ мекунанд ва ин аст асрори ҳамзистии осоишта дар деҳаи Санҷидзор”, – таъкид мекунанд онҳо.
Омӯзиши таърихи Қирғизистон
Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯяд, ки таълим дар мактаби № 28-уми шаҳри Конибодом ва ҳам мактаби №20-и шаҳри Исфара тибқи барномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, аммо бо забони қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.
“Мувофиқи барномаи таҳиякардаи вазорат, хонандагон забони модарӣ, адабиёт, таърихи умумӣ ва таърихи Қирғизистонро меомӯзанд”, – таъкид мекунад Сайфулло Раҳматов.
Пайравӣ аз Маҳина
Айни ҳол, ба қавли муаллимони Маҳина Исҳоқова, хонандагони зиёди мактаби деҳаи Санҷидзор ба ин духтараки ғолиб бо ҳавас менигаранд ва мехоҳанд онҳо низ пайроҳаи ӯро тай карда, мавриди таҳсини ҳамдеҳагонашон қарор гиранд. Ин аст, ки соли ҷорӣ 10 хонандаи мактабе, ки Маҳина таҳсил мекунад, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок кардаанд.
Худи Маҳина бошад, бо ин ғолибият қонеъ шуданӣ нест ва мехоҳад ашъори адибони тоҷику қирғизро боз ҳам бештар омӯхта, ғолиби кулли ин озмун гардад. Ҳамчунин, бо истифода аз таҷрибаи андӯхтааш, барои ҷалби ҳамсолонаш ба омӯзиш талош намояд. Пас аз хатми мактаб муаллимаи фанни “Забон ва адабиёти тоҷик” шуда, дар тарбияи фарзандони деҳа ва бад-ин васила, тақвияти ҳамсоядории нек дар деҳаи Санҷидзор саҳм гузорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар умум, бино ба маълумоти расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор қирғизтабор зиндагӣ мекунад. Онҳо асосан дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Мурғоб, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва шаҳрҳои Конибодому Исфара зиндагӣ мекунанд.


