Тағйироти кадрӣ. Аз муовини сарвазир то вазири фарҳангу мовини раиси КДАМ

Имрӯз, 29-уми январи соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ва раиси Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қатор фармону амр ва қарор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Муовини сарвазир, вазири фарҳанг ва раиси Кумита Дилрабо Мансурӣ, ки то ин замон ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон кор мекард, муовини сарвазири кишвар таъин гардид. Ӯ дар […]

Имрӯз, 29-уми январи соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ва раиси Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қатор фармону амр ва қарор тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Муовини сарвазир, вазири фарҳанг ва раиси Кумита

Дилрабо Мансурӣ, ки то ин замон ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон кор мекард, муовини сарвазири кишвар таъин гардид.

Ӯ дар ин вазифа Матлубахон Сатториёнро иваз кард. Матлубахон Сатториён ба ҷойи Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки ҳамакнун вазири фарҳанги пешин ба кадом вазифа таъин гардидааст. Дар фармон таъкид шудааст, ки “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шавад.

Ҳамчунин, имрӯз Бунафша Файзиддинзода, ки то ин замон раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон буд, аз фазифа озод ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Раиси пешини ин Кумита Ҳилолбӣ Қурбонзода ба кадом вазифа таъин гардидааст, маълум нест, ҳарчанд дар фармони аз кор озодкуниаш “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” зикр мешавад.

Молия ва сармоягузорӣ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз муовинони вазири молияи кишвар низ аз вазифа озод гардиданд.

Ҷамшед Каримзода, муовини якум, Карим Гулмуродзода ва Рукмина Сафарзода, ду муовини дигари вазири молия “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод гардидаанд.

Бо қарори дигар Рукмина Сафарзода муовини раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” гардидааст. Ӯ дар ин вазифа Шаҳло Сайфзодаро иваз кард. Ҳоло маълум нест, ки Шаҳло Сайфзода ба кадом вазифа таъин гардидааст.

Ҳамин тавр, ба кадом вазифа таъин шудани Ҷамшед Каримзода ва Карим Гулмуродзода ҳам маълум нест.

Инчунин, бо фармони раиси ҷумҳур Султон Раҳимзода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Саъдӣ Қодирзодаро иваз кард, ки “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод гардид.

КДАМ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мирзозода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давалатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд, аммо маълум нест, ки ба кадом вазифа таъин гардид. Ҳамчунин, маълум нест, ки ба ҷойи ӯ кӣ таъин шудааст.

Сухангӯ рафту сафир сухангӯ шуд

Ҳамчунин, бо Амри Президенти Тоҷикистон, Абдуфаттоҳ Шарифзода, бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ҷойи ӯ Заробиддин Қосимӣ, ки то ин замон Сафири Тоҷикистон дар Миср буд, таъин карда шуд.

Илму маориф

Имрӯз инчунин як қатор тағйироти дигар ҷараён гирифт. Аз ҷумла, Сайфиддин Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Маҳмадалӣ Қурбонзода ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” таъин карда шуд.

Мумин Шарифзода ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Ҳомид Ҳошимзода ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” таъин гардид.

Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод карда шуда, ба ҷояш Давлатзода Сайфиддин Хайриддин таъин гардид.

Асозода Нуралӣ Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод ва ба ҷояш Салимзода Амонулло Файзулло таъин шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.