Собиқ сармураббии Русия дар бораи дастоварди футболбозони тоҷик изҳори назар кард

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Собиқ сармураббии мунтахаби футболи Русия, дастаҳои “Помир”-и Душанбе ва “Локомотив”-и Маскав Юрий Сёмин дар бораи иштироки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023 дар Қатар изҳори назар кард.

Бо Мурабии шоистаи ҶШС Тоҷикистон, собиқ сармурабии тими “Помир”-и Душанбе Юрий Сёмин рӯзноманигори нашрияи “Фергана” суҳбат кардааст.

“Аввалин иштироки мунтахаби Тоҷикистон бобарор шуд. Пеш гузаштан аз Чин дар гурӯҳ комёбии бузург аст. То ин дам тоҷикистониҳо аз иҷрои вазифаи муваффақона бозӣ кардан дар гурӯҳ ба хубӣ баромаданд. Муҳиту фазои мусобиқаи бузургро эҳсос намуда, таҷрибаи бебаҳо гирифтанд”, – гуфт Сёмин.

Ӯ илова намудааст, ки сарфи назар аз бозиҳои минбаъдаи Тоҷикистон, муҳим аст, ки ин дастовард як бор набошад.

"Ба рушди футболи кӯдакону наврасон сармоягузорӣ кардан лозим аст", – таъкид кардааст мураббии футбол.

Ба савол дар бораи баҳогузорӣ ба фаъолияти Петр Сегрт Сёмин чунин посух додааст:

“Вазифаи сармурабии тими мунтахаб ҷамъоварии беҳтаринҳо дар як даста аст. Ӯ бояд як шахси рӯҳбаландсоз ва равоншинос бошад. Ҳозир кори Сегрт хуб аст. Азму фидокории бозингарони дида мешавад. Аммо саҳми мураббиёни даста, аз ҷумла ҳамон Черевченко, ки бозигаронро хуб омада кард, низ хеле арзанда аст".

Сёмин таъкид доштааст, ки дастгирии ҳукумат ва шахсан президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вақти муҳим, пеш аз вохӯрӣ бо Лубнон бозигаронро рӯҳбаланду ба ғалаба ҳидоят кард, низ ба футболбозон таъсир расонид.

Ёдрас мекунем, ки дар давраи 1/8 финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуда, ба даври 1/4 финалии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин давр футболбозони тоҷик бо дастаи ғолиби ҷуфти 1/8 финалии Ироқ – Урдун бозӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...