Собиқ сармураббии Русия дар бораи дастоварди футболбозони тоҷик изҳори назар кард

Собиқ сармураббии мунтахаби футболи Русия, дастаҳои “Помир”-и Душанбе ва “Локомотив”-и Маскав Юрий Сёмин дар бораи иштироки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023 дар Қатар изҳори назар кард. Бо Мурабии шоистаи ҶШС Тоҷикистон, собиқ сармурабии тими “Помир”-и Душанбе Юрий Сёмин рӯзноманигори нашрияи “Фергана” суҳбат кардааст. “Аввалин иштироки мунтахаби Тоҷикистон бобарор шуд. Пеш гузаштан […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Собиқ сармураббии мунтахаби футболи Русия, дастаҳои “Помир”-и Душанбе ва “Локомотив”-и Маскав Юрий Сёмин дар бораи иштироки мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023 дар Қатар изҳори назар кард.

Бо Мурабии шоистаи ҶШС Тоҷикистон, собиқ сармурабии тими “Помир”-и Душанбе Юрий Сёмин рӯзноманигори нашрияи “Фергана” суҳбат кардааст.

“Аввалин иштироки мунтахаби Тоҷикистон бобарор шуд. Пеш гузаштан аз Чин дар гурӯҳ комёбии бузург аст. То ин дам тоҷикистониҳо аз иҷрои вазифаи муваффақона бозӣ кардан дар гурӯҳ ба хубӣ баромаданд. Муҳиту фазои мусобиқаи бузургро эҳсос намуда, таҷрибаи бебаҳо гирифтанд”, – гуфт Сёмин.

Ӯ илова намудааст, ки сарфи назар аз бозиҳои минбаъдаи Тоҷикистон, муҳим аст, ки ин дастовард як бор набошад.

"Ба рушди футболи кӯдакону наврасон сармоягузорӣ кардан лозим аст", – таъкид кардааст мураббии футбол.

Ба савол дар бораи баҳогузорӣ ба фаъолияти Петр Сегрт Сёмин чунин посух додааст:

“Вазифаи сармурабии тими мунтахаб ҷамъоварии беҳтаринҳо дар як даста аст. Ӯ бояд як шахси рӯҳбаландсоз ва равоншинос бошад. Ҳозир кори Сегрт хуб аст. Азму фидокории бозингарони дида мешавад. Аммо саҳми мураббиёни даста, аз ҷумла ҳамон Черевченко, ки бозигаронро хуб омада кард, низ хеле арзанда аст".

Сёмин таъкид доштааст, ки дастгирии ҳукумат ва шахсан президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вақти муҳим, пеш аз вохӯрӣ бо Лубнон бозигаронро рӯҳбаланду ба ғалаба ҳидоят кард, низ ба футболбозон таъсир расонид.

Ёдрас мекунем, ки дар давраи 1/8 финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуда, ба даври 1/4 финалии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин давр футболбозони тоҷик бо дастаи ғолиби ҷуфти 1/8 финалии Ироқ – Урдун бозӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.