Боздошти 8 нафар дар пайи “таркиш”-и мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб

Билоли Шамс, Asia-Plus

Дар робита ба қазияи “тарконидан”-и мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 8 нафар гумонбар, аз ҷумла 2 гумонбари асосӣ дастгир шуда, бар зиддашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале парванда муҳри махфӣ дорад.

Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб имрӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ дар ин маврид иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, дар пайи ҳодисае, ки аввали моҳи январи соли 2024 рух дод, ду гуморбар дастгир шуданд ва алайҳашон бо моддаҳои 179 ва 307 Кодекси ҷиноятӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) парванда боз гардид.

“Парвандаро прокуратураи шаҳри Кӯлоб оғоз карда, сипас онро ба гурӯҳи фаврии амниятӣ дар минтақаи Кӯлоб буда, супориданд. Ҳоло парванда бо муҳри махфӣ дар дасти ин гурӯҳи фаврӣ аст ва баррасӣ шуда истодааст”, – гуфт Музофиров.

Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон ҳамчунин дар якчанд ҷиноятҳои дигар ҳам даст доштаанд.

Ҳамзаалӣ Музофиров гуфт, дар асоси далелҳои шайъӣ ҳоло 8 нафар дар боздошт қарор доранд, ки ҳамшарикони 2 нафар гумонбари асосии тарконидани мошини раиси ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб мебошанд. Онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ алоқа доштаанд ва ҳамкорӣ мекардаанд.

“Ҳатто онҳо ҷиноятҳои содир кардаашонро навор гирифта мефиристодаанд. Аксарияти шариконашон шиносоӣ шудааст ва ҳоло онҳо ҳам боздошт хоҳанд шуд. Ба парванда ба ин хотир муҳри махфӣ зада шудааст”, – шарҳ дод иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб.

Ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Кӯлоб ҳастанд. Шахсияти онҳо маълум нест.

Аввали моҳи январ Радиои Озодӣ хабар дод, ки мошини хидматии Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб, рӯзи 5-уми январи имсол дар назди хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид ва худаш маҷрӯҳ шудааст.

Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ҳадаф аз таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб чӣ будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...