Боздошти 8 нафар дар пайи “таркиш”-и мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб

Дар робита ба қазияи “тарконидан”-и мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 8 нафар гумонбар, аз ҷумла 2 гумонбари асосӣ дастгир шуда, бар зиддашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале парванда муҳри махфӣ дорад. Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб имрӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ дар ин маврид иттилоъ дод. […]

Билол Шамс, махсус барои asia+

Дар робита ба қазияи “тарконидан”-и мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 8 нафар гумонбар, аз ҷумла 2 гумонбари асосӣ дастгир шуда, бар зиддашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале парванда муҳри махфӣ дорад.

Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб имрӯз, 30-юми январ, зимни нишасти хабарӣ дар ин маврид иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, дар пайи ҳодисае, ки аввали моҳи январи соли 2024 рух дод, ду гуморбар дастгир шуданд ва алайҳашон бо моддаҳои 179 ва 307 Кодекси ҷиноятӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) парванда боз гардид.

“Парвандаро прокуратураи шаҳри Кӯлоб оғоз карда, сипас онро ба гурӯҳи фаврии амниятӣ дар минтақаи Кӯлоб буда, супориданд. Ҳоло парванда бо муҳри махфӣ дар дасти ин гурӯҳи фаврӣ аст ва баррасӣ шуда истодааст”, – гуфт Музофиров.

Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон ҳамчунин дар якчанд ҷиноятҳои дигар ҳам даст доштаанд.

Ҳамзаалӣ Музофиров гуфт, дар асоси далелҳои шайъӣ ҳоло 8 нафар дар боздошт қарор доранд, ки ҳамшарикони 2 нафар гумонбари асосии тарконидани мошини раиси ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб мебошанд. Онҳо бо гурӯҳҳои ифротӣ алоқа доштаанд ва ҳамкорӣ мекардаанд.

“Ҳатто онҳо ҷиноятҳои содир кардаашонро навор гирифта мефиристодаанд. Аксарияти шариконашон шиносоӣ шудааст ва ҳоло онҳо ҳам боздошт хоҳанд шуд. Ба парванда ба ин хотир муҳри махфӣ зада шудааст”, – шарҳ дод иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб.

Ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Кӯлоб ҳастанд. Шахсияти онҳо маълум нест.

Аввали моҳи январ Радиои Озодӣ хабар дод, ки мошини хидматии Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб, рӯзи 5-уми январи имсол дар назди хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид ва худаш маҷрӯҳ шудааст.

Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ҳадаф аз таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб чӣ будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.