Сухангӯи президент нав шуд. Заробиддин Қосимӣ кист?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 29-уми январ, Абдуфаттоҳ Шарифзода, роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Заробиддин Қосимӣ ба ин вазифа таъйин гардид.

Сабаби аз вазифа рафтани Шарифзода “ба нафақа баромадан” зикр мешавад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода бештар аз 21 сол сухангӯи президенти Тоҷикистон буд: ӯ 15 декабри соли 2003 роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Заробиддин Қосимӣ 57-сола ва хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Қосимӣ то кунун Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Миср буд.

Корномаи Заробиддин Қосимӣ чунин мебошад:

1986-1988 – хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ;

1991-1992 – муаллими забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 48 шаҳри Душанбе;

1992-1993 – ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон;

1993-1996 – нозир ва нозири калони Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ;

1996-2005 – сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ва котиби матбуотии вазири мудофиаи Тоҷикистон;

2005-2015 – машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2015-2016 – директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2016-2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ;

Аз 31 августи соли 2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср.

Оиладор ва падари шаш фарзанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...