Сухангӯи президент нав шуд. Заробиддин Қосимӣ кист?

Дирӯз, 29-уми январ, Абдуфаттоҳ Шарифзода, роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Заробиддин Қосимӣ ба ин вазифа таъйин гардид. Сабаби аз вазифа рафтани Шарифзода “ба нафақа баромадан” зикр мешавад. Абдуфаттоҳ Шарифзода бештар аз 21 сол сухангӯи президенти Тоҷикистон буд: ӯ 15 декабри соли 2003 роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон таъйин […]

Дирӯз, 29-уми январ, Абдуфаттоҳ Шарифзода, роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Заробиддин Қосимӣ ба ин вазифа таъйин гардид.

Сабаби аз вазифа рафтани Шарифзода “ба нафақа баромадан” зикр мешавад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода бештар аз 21 сол сухангӯи президенти Тоҷикистон буд: ӯ 15 декабри соли 2003 роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Заробиддин Қосимӣ 57-сола ва хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Қосимӣ то кунун Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Миср буд.

Корномаи Заробиддин Қосимӣ чунин мебошад:

1986-1988 – хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ;

1991-1992 – муаллими забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 48 шаҳри Душанбе;

1992-1993 – ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон;

1993-1996 – нозир ва нозири калони Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ;

1996-2005 – сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ва котиби матбуотии вазири мудофиаи Тоҷикистон;

2005-2015 – машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2015-2016 – директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2016-2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ;

Аз 31 августи соли 2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср.

Оиладор ва падари шаш фарзанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.