Зиёда аз 340 хонаводаи Тоҷикистон дар қитъаҳои хатарноки экзогенӣ қарор доранд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Геологҳои Тоҷикистон дар бораи кӯчонидани 343 оила аз қитъаҳои нисбатан хатарнок ба минтақаҳои бехавф хулоса пешниҳод кардаанд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки бар асоси дархостҳо дар зиёда аз 170 қитъа дар саросари ҷумҳурӣ мониторинг ва таҳҳқиқоти муҳандисиву геологӣ гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи онҳо Саридораи геология дар бораи кӯчонидани аҳолӣ ба минтақаҳои бехавф ба хулосаи мусбат расид.

Чунин қитъаҳо бештар дар ноҳияҳои Нуробод – 72, шаҳри Ваҳдат – 61, Тоҷикобод – 49 ва Лахш – 38 ҷойгир буда, дар ноҳияҳои гуногун дар ҳамаи минтақаҳои кишвар аз 1 то 30-то чунин қитъаҳо мавҷуданд.

“Мувофиқи нақшаи лоиҳаи “Мониторинги давлатии равандҳои экзогении геологӣ” тавсияҳои дахлдор дода шуданд”, – гуфт Оймуҳаммадзода.

Ғайр аз ин, ба иттилои ӯ, бо супориши президент Атласи равандҳои экзогенӣ ва геологӣ тартиб дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, чунин атлас барои ҳар як ноҳия бо истифода аз натиҷаҳои гирифтаи муҳандисиву геологӣ, ки ба таъсири омилҳои хатарноки табиӣ осебпазиранд, таҳия карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...