БАОР муҳаррики асосии рушди иқтисоди Тоҷикистонро номбар кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8,3% афзоиш ёфт. Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) зикр мекунанд, ки дар афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон саҳми савдо дар соли гузашта назаррас – 2,3 банди фоизиро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ин ҷо дар бораи таъсир ба рушди иқтисоди кишвар сухан меравад, ки дар соли 2023 тибқи маълумоти расмии оморӣ, ба 8,3% баробар шудааст.

Дар маълумот зикр мешавад, ки ба ин болоравии маоши миёнаи воқеӣ, тағйирёбии тавозун дар бозори кор баъди анҷоми пандемияи коронавирус ва барқарор гардидани ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат кардааст.

“Саҳми соҳаи нақлиёт 1,8%, бахши кишовразӣ – 1,6%, саноат – 1,2% ва сохтмон – 1,0%-ро ташкил дод”, – таъкид месозанд коршиносони БАОР.

Саҳми андозҳо дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли гузашта 0,8%-ро ташкил дода, “дигар хидматрасониҳо” баръакас, ин нишондиҳандаро ба андозаи 0,4% – то 8,3% кам карданд.

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2024 дар сатҳи 7,3% интизорӣ доранд.

Ин ба “тавсеъаи иқтидорҳо дар саноат (дар соҳаҳое чун металлургия, энергетика, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ) ва фаъолмандӣ дар сармоягузорӣ” нисбат дода мешавад.

Мувофиқи пешгӯии БАОР, соли 2024 Тоҷикистон байни аъзои ин ниҳоди молиявӣ ба рушди бештар баланди иқтисодӣ ноил хоҳад гардид.

Ба ин тариқ, имсол рушди иқтисоди Арманистон дар сатҳи 5,7%, Қазоқистон – 5,0%, Қирғизистон – 4,5%, Беларус – 2,0% ва Русия – 1,5% пешгӯӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар соли 2023 ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон ҳудуди 130,8 млрд сомонӣ (11,9 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Ҳукумати Тоҷикистон аз на камтар аз 8% рушди иқтисоди ҷумҳуриро дар соли 2024 интизорӣ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...