Хатсайри Душанбе-Хоруғ роҳандозӣ намешавад, зеро ширкати давлатӣ ҳавопаймо надорад

Зимни нишасти матбуотии имрӯза роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Дилшод Сафарзода изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон парвозҳо бо хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе иҷро намешаванд, дар навбати аввал бо сабаби мавҷуд набудани ҳавопаймои муносиб. Ӯ зикр кард, ки айни замон барои харидории ҳавопаймои муносиб гуфтушунидҳо ҷараён дошта, дар ҳамин ҳол, ба масъалаи молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир […]

Зимни нишасти матбуотии имрӯза роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Дилшод Сафарзода изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон парвозҳо бо хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе иҷро намешаванд, дар навбати аввал бо сабаби мавҷуд набудани ҳавопаймои муносиб.

Ӯ зикр кард, ки айни замон барои харидории ҳавопаймои муносиб гуфтушунидҳо ҷараён дошта, дар ҳамин ҳол, ба масъалаи молиявӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, омили муҳим мавҷуд будани муҳаррики сарфакор аст, ки ба таъмини пурсамари истифодаи сӯзишворӣ дар ин хатсайр қодир бошад.

“Хоруғ қитъаи калон нест ва ин ҷо хароҷоти асосӣ ба сӯзишворӣ, инчунин маош вобаста аст. Хароҷот ба аэронавигатсия ва хидматрасониҳои фурудгоҳ чандон зиёд нестанд”, – иброз дошт роҳбари Агентӣ.

Ба гуфтаи Дилшод Сафарзода, ҳудуди 50-60% аз маблағи умумии хароҷот барои сӯзишворӣ сарф мешавад.

Ӯ хотиррасон намуд, ки дар давраи парвози санҷишӣ билет ба ин хатсайр 100 доллар нарх дошт.

Дар ҳамин ҳол, шарҳ дод, ки истифодаи ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” дар ин хатсайр самаранок нест, зеро он метавонад нархи билетро то 200 доллар расонад. Ҳавопаймо ба қавли ӯ, фарсуда шуда, барои омода кардани он ба хидматрасонӣ хароҷоти иловагӣ талаб мешавад.

Сафарзода итминон дод, ки бо дастрас шудани ҳавопаймои нав хатсайрҳои ҳавоии дохилӣ ба ин самт барқарор карда мешаванд.

Кай он барқарор мешавад – маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бо ҳавопаймои Ан-28 -и ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Хоруғ парвозҳо анҷом дода мешуданд. Аммо аз моҳи октябри соли 2017 пас аз қатъи парвозҳо ба Хоруғ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии миллӣ, ба ин минтақа танҳо бо роҳи мошингард сафар кардан мумкин аст. Дар роҳ 14-16 соат вақт сарф мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...