Бозии Тоҷикистон бо Урдун дар Ҷоми Осиё. Ҳарифи мо то чӣ андоза пурқувват аст?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Вохӯрии даври 1/4 финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 рӯзи ҷумъа, 2 феврал дар варзишгоҳи Аҳмад ибни Алӣ дар Давҳа доир гардида, соати 16:30 (ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки мунтахабҳои Тоҷикистон ва Урдун дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 дар як гурӯҳ бозӣ мекунанд. Дастаҳо рӯзи 16 ноябр дар Душанбе вохӯрда, ин бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.

Оё мунтахаби Тоҷикистон қодир аст, ки Урдунро мағлуб созад ва таърихсозии худро идома диҳад?

Александр Франк, собиқ футболбози Тоҷикистон ва айни замон коршинос ба “Азия-Плюс” дар ин бора чунин изҳори назар кард:

“Дар бозӣ бо АМА дар даври 1/8 финалӣ мо хуб бозӣ кардем ва акнун зиёдтарашро интизорем. Мо таърихсозӣ мекунем ва мехоҳем, ки афсонаи футболамон ҳарчи тӯлонитар идома ёбад! Дар вохӯрӣ бо Аморот бозигарони мо нисбат ба вохӯриҳо бо Чину Қатар тамоман дигар буданд, рӯҳияи баланд доштанд ва ҳадафмандона бозӣ карданд. Ба фикрам, ғалабаи душвор бар тими Лубнон таъсири худро расонид”, – зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи Франк, барои мунтахаби Тоҷикистон акнун дигар фарқ надорад, ки минбаъд бо кадом даста бозӣ мекунад ва ҳама гуна ҳарифро шикаст дода метавонад.

“Аз футболбозонамон ифтихор мекунем. Даста ҳозир аз ҳеҷ кас ҳарос надорад ва бо дастаҳои пурқувват бо бартарӣ бозӣ мекунад. Акнун навбати Урдун аст, аммо дар асл, барои мо рақиб аллакай муҳим нест. Фикр мекунам, ки мо урдуниҳоро мағлуб карда, ба даври нимфиналӣ роҳ меёбем!”, – гуфт коршинос.

Бозиҳои охири Тоҷикистон боиси хурсандии коршиноси дигар, менеҷери бошгоҳи “Истиқлол” Нодир Дӯстматов низ шудааст, ки дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” аз интизориҳои худ дар бозӣ бо Урдун изҳори назар кард.

“Бозии мунтахаби мо боиси хурсандист! Дер боз чунин бозиро надида будам! Пештар бозигузориашон он қадр хуб набуд, ҳозир он хеле писандам аст.

Ба фикрам, худи бозингарон хеле хуб дарк мекунанд, ки бо чунин бозӣ ва натиҷа таърихгузорӣ мекунанд ва аз ин рӯ, ҳоло, ки имкон ҳаст, мебояд рақобат кард. Агар Урдунро мағлуб кунанд, минбаъд даври нимфиналӣ ва дар он ҷо ҳам мо метавонем ғалаба ба даст орем! Ин футбол аст, бубинед чӣ қадар натиҷаҳои ногаҳонӣ дар Ҷоми Осиё!”, –  зикр кард коршинос.

Дар бозӣ бо Урдун душвор мешавад, имкон ба фикрам 50 ба 50. Муҳимаш интизомро дар бозӣ риоя кардан лозим аст ва ҳамааш хуб мешавад.

Дар робита ба имконот ва неруи тими Урдун дар бозӣ бо Тоҷикистон Дӯстматов гуфт, бо ин даста метавон рақобат кард ва бояд на аз мавқеи тими камқувват бозӣ кард, ки онро Сегрт ва футболбозон хуб медонанд.

“Мо чанде пеш бозиро бо онҳо мусовӣ анҷом додем. Дар ҳамин ҳол, ин даста пурқувват аст, дар ҳамла онҳо хеле хавфноканд, дар аксулҳуҷумҳо хеле хуб ҳунарнамоӣ мекунанд.

Роҳ додан лозим нест, ки онҳо ба аксулҳуҷум гузаранд. Бодиққат ҳамла карда, тӯбро осонакак аз даст додан даркор нест, вагарна барои ин онҳо зуд ҷазо медиҳанд!

Ба мо муҳим аст, ки бодиққат дар ҳимоя бошем ва хеле зуд ба аксулҳуҷум гузарем. Мутмаинам, ки дар чунин ҳолатҳо ба гол задан муваффақ мешавем”, – изҳори итминон кард Дӯстматов.

Коршинос илова намуд, ки Урдун ҳам ба мисли Тоҷикистон қаблан ба даври плей-оффи Ҷоми Осиё роҳ наёфта, ба чунин натиҷаҳо низ ноил нагардида буд. 

“Урдуниҳо қадбаланду пурқувват ва аз лиҳози ҷисмонӣ хуб омадаанд, аз ин рӯ, ба онҳо имкон додан лозим нест, ки озодона тӯбро идора кунанд. Дарҳол муқовимат кардан зарур аст. Фикр мекунам, ки мураббиёни мо ҳамаашро мӯшикофона омӯхта, ба футболбозон мефаҳмонанд”, – афзуд коршинос.

Ҷоми Осиё, даври чаҳорякниҳоӣ, Тоҷикистон – Урдун

2 феврал (рӯзи ҷумъа)

Оғоз – соати 16:30  ба вақти Душанбе.

 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...