1,2 млн сомонӣ бештар аз соли 2022. Блогерони тоҷик дар соли гузашта 2,5 млн сомонӣ андоз супоридаанд

Asia-Plus

Дар соли 2023 91 блогери тоҷик ба буҷети кишвар 2,5 млн сомонӣ андоз ё молиёт пардохт кардаанд, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,2 млн сомонӣ бештар аст. Дар ин бора рӯзномаи “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистогн иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои ин расона, ҳоло 91 блогер худро дар мақомоти андоз ба қайд гирифта, соли гузашта 33,5 млн сомонӣ даромад ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022 3,8 млн сомонӣ бештар аст.

Манбаъ гуфт, бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ аз ҷониби Кумитаи андоз дар соли 2023 дар фаъолияти 37 блогер 764,5 ҳазор сомонӣ напардохтани андоз ҳисоб шуда, аз ин маблағ 567,9 ҳазори он ба буҷет баргардонида шуд.

Ин ниҳод афзудааст, “теъдоди блогерҳо ё шахсони воқеие, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, рӯз аз рӯз афзоиш ёфта истодаанд”.

Кумитаи андоз гуфтааст, блогерон аз корманди кироя ҳам истифода мекунанд ва танҳо “дар соли 2023 аз ҳисоби истифодаи меҳнати кироя дар эъломияҳои андоз шумораи кормандони кирояро 94 нафар ва фонди музди меҳнати ба онҳо пардохтшавандаро, дар маҷмуъ, 1505,4 ҳазор сомонӣ дарҷ намудаанд, ки ба ҳисоби миёна ба як корманд 1335 сомонӣ рост меояд”.

Мутахассисони мақомоти андоз гуфтаанд, ки барои бақайдгирӣ ва ба андозбанӣ ҷалб кардани блогерҳо як қатор корҳо кардаанд.

“Аз ҷумла бо роҳи даъвати онҳо ба мақомоти андоз бо мақсади анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳиву машваратӣ ва ирсоли огоҳиномаҳо ба суроғаи онҳо, чанде аз субъектҳои соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ ва пахши видеоҳо машғул буданд, ба қайди давлатӣ гирифта шуданд”, – зикр кардааст Кумитаи андоз.

Соли 2022-юм 60 блогери тоҷик 29,7 млн.сомонӣ даромад ба даст оварда, ба буҷаи давлат 1 млн 359 ҳазору 700 сомонӣ андоз пардохт карда буданд.

Дар шаш моҳи соли 2023 блогерони тоҷик аз 10 млн сомонии бадастовардаашон 1,2 млн сомонӣ ба буҷет андоз супорида буданд.

Қобили зикр аст, ки бақайдгирии блогерон дар мақомоти андози Тоҷикистон аз соли 2020 оғоз шуд. Он замон ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Мақомот гуфта буданд, ки ин талаботи замон аст, чунки ин соҳа босуръат дар ҳоли рушд буда, дар кишварҳои рушдёфта гардиши пул дар ин бахш хеле зиёд аст.

Он замон як масъули Кумитаи андоз дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки мувофиқи қонунгузории нави андоз ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд.

“Шахсоне, ки бо кори душвори ҷисмонӣ пул кор мекунанд, андоз пардохт мекунанд, блогерон, ки бо кори осон ҳатто зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, бояд  андоз пардохт намоянд”, – гуфта буд ӯ.

Ҳамин тариқ, бо гузашти чанд вақт мақомоти андоз рӯйхати чанде аз блогеронро нашр кард, ки бидуни қайд ба фаъолияти блогерӣ машғуланд ва аз онҳо талаб кард, ки худро дар мақомоти андоз ба қайд гиранд ва аз даромадиашон ба буҷети кишвар андоз пардохт кунанд. Вале худи блогерон мегуфтанд, ки онҳо даромади зиёд ба даст намеоранд ва ҳоҷат ба андозбандӣ нест.

Баҳси андозбандии блогерон чанд сол аст идома дорад. Тобистони соли гузашта як  вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рудакӣ тарҳи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти блогерӣ”-ро дар “Фейсбук” барои муҳокима ҷой дод, ки он ба бархӯрди тунди корбарон рӯбарӯ шуд. Мухолифони ин тарҳ гуфтанд, зарурати қабули ин қонун нест, чун блогериро қонунҳои дигар аллакай танзим мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...