Аз “Tamoshow”-у “Favik” то “Zanjabilbro”. Кумитаи андоз рӯйхати “блогерони бепарво”-ро нашр кард

Кумитаи андози Тоҷикистон номи 29 блогери маъруфи кишварро нашр кардааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод, ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул буда, аз даромади худ андоз намесупоранд. Дар миёни рӯйхати нашркардаи ҳафтаномаи расмии ин ниҳод “Боҷу хироҷ” номи Беҳруз Зеваров (масъули гуруҳи “Tamoshow” дар Ютуб), овозхон Мубориз Усмонов (масъули гуруҳи “mubor1z” дар Ютуб), журналист ва таронанавис Орзу […]

Asia-Plus

Кумитаи андози Тоҷикистон номи 29 блогери маъруфи кишварро нашр кардааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод, ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул буда, аз даромади худ андоз намесупоранд.

Дар миёни рӯйхати нашркардаи ҳафтаномаи расмии ин ниҳод “Боҷу хироҷ” номи Беҳруз Зеваров (масъули гуруҳи “Tamoshow” дар Ютуб), овозхон Мубориз Усмонов (масъули гуруҳи “mubor1z” дар Ютуб), журналист ва таронанавис Орзу Исоев (масъули гуруҳи Orzu Isoev), ҳавнигор Саидҷон Идиев (масъули гуруҳи Шакарханд дар Ютуб), Ҷонон Ашурова (масъули гуруҳи “jononisher” дар Ютуб), Фаридун Саидов (масъули гуруҳи “m_Favik.tj” дар Ютуб), Сабинҷон Нуриддинов (масъули гуруҳи “sabinjonnofficialll” дар Ютуб), Сино Соҳибов (масъули гуруҳи “Sinojon_sohibov” дар Ютуб), Ғолиб Мусоев (масъули гуруҳи golib_show), Аъзам Назриев (масъули гуруҳи “zanjabilbro” дар Ютуб) ҳастанд.

Манбаъ навиштааст, ки ин блогерон “аз ҳисоби зиёд намудани шумораи обуначиён, қабули роликҳои таблиғотӣ, азназаргузаронии пранк-видеоҳо ва дигар саҳнаҳои ҳаҷвӣ даромад ба даст меоранд, яъне бидуни қайд дар мақомоти андоз ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд”.

“Тавре аз натиҷаи мушоҳидаҳо ва корҳои назоратии мақомоти андоз бармеояд, баъзе блогерҳои шинохта, бемасъулиятӣ нишон дода, бе ҳуҷҷати соҳибкорӣ ва бе қайд дар мақомоти андоз фаъолият карда, даромад ба даст оварда истодаанд”, – омадааст дар навиштаи рӯзнома.

Ин ниҳод гуфтааст, блогерон бояд барои ба қайди давлатӣ гирифтани фаъолияти худ ба мақомоти андоз муроҷиат кунанд, дар акси ҳол, “қонунгузории соҳаи андоз муқаррароти дигареро аз қабили механизмҳои гузаронидани корҳои назоратӣ ва татбиқи ҷаримаҳои маъмурӣ таъйин кардааст”.

Масъулини Кумитаи андоз мегӯянд, “бо вуҷуди аз ҷониби мақомоти андоз борҳо огоҳонида шудан, онҳо фаъолияташонро то ҳол ба қайди давлатӣ нагирифтаанд”.

Дар ҳамин ҳол, Орзу Исоев, журналист ва таронанависи шинохтаи тоҷик, ки номи ӯ ҳам дар қатори “блогерони бо соҳибкории ғайриқонунӣ машғулбуда” зикр гардидааст, мегӯяд “ин иштибоҳ аст” ва дар фаъолияти ӯ “ягон қонуншиканӣ нест”.

“Google ду сол пеш ба ҳамаи корбаронаш паём дод, ки дар муддати як моҳ нусхаи ҳуҷҷати андозсупорӣ ё сертификати соҳибкории худро равон кунанд. Касе фиристод, аз даромадаш маблағ ихтисор нахоҳад кард. Касоне, ки то муҳлати муқарраргардида нусхаи ҳуҷҷат нафиристод, тибқи қарордоди Google бо Тоҷикистон, аз ҳисоби даромадаш як миқдор маблағ кам карда мешавад”, – гуфт Орзу Исоев.

Назари дигар “блогерони бо соҳибкории ғайриқонунӣ машғулбуда”, ки номашон дар рӯйхати Кумитаи андоз сабт гардидааст, доир ба даъвои ин ҳафтанома то ҳол дастрас нест.

Рӯзнома “Боҷу хироҷ” ҳамчунин, иттилоъ додааст, ки то 1-уми феврали соли 2023 дар кишвар 60 блогери тоҷик аз қайди давлатӣ гузаштанд ва дар соли гузашта ба буҷет 1,3 млн сомонӣ андоз пардохт кардаанд.

Дар миёни онҳо блогероне чун Рафаэл Гулов, Диловар Сафаров, Шоира Пулатова, Умеда Парсаева, Мансур Нигматов ва ғайра ҳастанд.

Шурӯъ аз соли 2020 сабти номи блогерҳо дар мақомоти андози Тоҷикистон оғоз шуд. Он замон ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Мақомот гуфта буданд, ки ин талаботи замон аст, чунки ин соҳа босуръат дар ҳоли рушд буда, дар кишварҳои рушдёфта гардиши пул дар ин бахш хеле зиёд аст.

Ба қавли ӯ, ҳама, аз ҷумла блогерон, низ назди қонун баробаранд.

“Мувофиқи қонунгузории нави андоз ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд. Шахсоне, ки бо кори душвори ҷисмонӣ пул кор мекунанд, андоз пардохт мекунанд, блогерон, ки бо кори осон ҳатто зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, бояд  андоз пардохт намоянд”, – гуфта буд як корманди Кумитаи андоз дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Гуфтан ба маврид аст, ки ширкати фаромилии амрикоии Google 3-юми марти соли 2021 ҳамчун андозсупорандаи хизматрасониҳои электронӣ (ААИ) дар Тоҷикистон сабти ном шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.