Блогерони тоҷик беш аз 1,3 млн сомонӣ ба буҷет андоз супоридаанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар соли 2022-юм 60 блогери тоҷик ба буҷаи давлат 1 млн 359 ҳазору 700 сомонӣ андоз пардохт кардаанд, хабар медиҳад рӯзномаи “Садои мардум” бо такя ба Кумитаи андози Тоҷикистон.

Манбаъ менависад, ки онҳо дар ин давра 29,7 млн.сомонӣ даромад ба даст оварда, 59 корманди кироя ҳам ҷалб кардаанд, ки дар натиҷа ба ҳар як корманд 929 сомонӣ маош пардохт кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, блогерон дар муқоиса ба даромадашон андози кам месупоранд ва назорати шаффофияти кори онҳо мушкил аст.

“Вале ин амал на дар ҳама ҳолат қулай аст. Масалан, мешавад ҳолате, ки блогер пули рекламаро аз фармоишгар нақд мегирад ва мақомот наметавонад тамоми “пост”-ҳову “сториз”-ҳои ӯро назорату ҳисоб кунад. Аз ин рӯ, дар баробари корҳои фаҳмондадиҳии кумита хуб мешавад, агар иловатан барои дилгармии блогерон имтиёз пешбинӣ гардад”,- омадааст дар мақола.

Кумитаи андоз гуфтааст, то ин муддат ба 80 блогер барои сабти ном огоҳӣ додааст.

“То якуми январи соли ҷорӣ дар мақомоти андоз 60 субъекти соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернет ба блогерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад”,- иттилоъ додаанд аз кумита

Гуфта мешавад, ки ҳар як блогер  дар умум 7 фоиз андоз месупоранд ва ҳар семоҳа даромадашонро ба кумита пешниҳод мекунанд.

“Масалан, агар блогер дар се моҳ 10 ҳазор сомонӣ даромад дошта бошад, 700 сомонӣ андоз месупорад”, – гуфтаанд масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон.

Шурӯъ аз соли 2020 сабти номи блогерҳо дар мақомоти андози Тоҷикистон оғоз шуд. Он замон ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Мақомот гуфта буданд, ки ин талаботи замон аст, чунки ин соҳа босуръат дар ҳоли рушд буда, дар кишварҳои рушдёфта гардиши пул дар ин бахш хеле зиёд аст.

Ба қавли ӯ, ҳама, аз ҷумла блогерон низ назди қонун баробаранд.

“Мувофиқи қонунгузории нави андоз ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд. Шахсоне, ки бо кори кори душвори ҷисмонӣ пул кор мекунанд, андоз пардохт мекунанд, блогерон, ки бо кори осон ҳатто зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, бояд  андоз пардохт намоянд”, – гуфта буд як корманди Кумитаи андоз дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...