Google ҳам ба дунболи Facebook дар Тоҷикистон андозсупоранда шуд

Google ҳам ба дунболи Facebook дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда сабти ном шуд. Ширкати фаромилии амрикоии Google 3-юми марти имсол ҳамчун андозсупорандаи хизматрасониҳои электронӣ (ААИ) дар Тоҷикистон сабти ном шуд. Дар ин бора аз Кумитаи андоз ба "Asia-Plus" хабар доданд. Ин ширкат дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда […]

Google ҳам ба дунболи Facebook дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда сабти ном шуд. Ширкати фаромилии амрикоии Google 3-юми марти имсол ҳамчун андозсупорандаи хизматрасониҳои электронӣ (ААИ) дар Тоҷикистон сабти ном шуд. Дар ин бора аз Кумитаи андоз ба "Asia-Plus" хабар доданд.

Ин ширкат дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудаанд".

Рӯзи 2 март ҳам ширкатҳои Facebook Ireland Ltd, Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc низ тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj сабти ном шуда буданд. 

Дар кумитаи андоз мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир барои сабти ном кардани ширкатҳои дигари  хориҷие, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳоро анҷом медиҳанд, ба унвони андозсупоранда корҳо идома доранд.

Мутобиқи тағйирот ба қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 декабри соли 2020 шахсони хориҷии хизматрасониҳои электронӣ мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.

Баҳси андозбандии ширкатҳое, ки хизматрасонии электронӣ пешниҳод мекунанд дар Тоҷикисон  дар поёни соли гузашта доғ шуд. Тоҷикистон мехоҳад ин ширкатҳо барои корҳое, ки аз он даромад мебинанд андоз супоранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.