БОР ба Тоҷикистон 178 млн доллар грант ҷудо мекунад

Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 3 март Созшномаи грантиро байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба лоиҳаҳои “Барномаи рушди соҳаи энергетика” ва “Устувории шабакаи роҳҳо” тасдиқ намуд. Барномаи грантии рушди соҳаи энергетика дар ҳаҷми 105 млн доллар ба амалисозии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика суръат бахшида, баҳисобгирии чаканаи истифодаи барқ ва шабакаҳои тақсимоти ҷараёни […]

Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 3 март Созшномаи грантиро байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба лоиҳаҳои “Барномаи рушди соҳаи энергетика” ва “Устувории шабакаи роҳҳо” тасдиқ намуд.

Барномаи грантии рушди соҳаи энергетика дар ҳаҷми 105 млн доллар ба амалисозии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика суръат бахшида, баҳисобгирии чаканаи истифодаи барқ ва шабакаҳои тақсимоти ҷараёни паст ва миёнаро дар ҳафт шаҳр беҳтар мекунад.

Зимни суханронӣ доир ба ин масаъала вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки ин маблағҳо ба рушди шабакаҳои барқи шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Исфрара, Истаравшан ва ноҳияи Данғара равона мешаванд.

Аз ҳисоби маблағҳои грант ҳудуди 400 ҳазор ҳисобкунакҳои барқ ва 264 адад трансформаторҳои пуриқтидор харида мешаванд.

Ғайр аз ин, Бонки осиёии рушд барои корҳои таъмиру навсозии роҳи байни шаҳраки Ҳулбук ва маркази ноҳияи Темурмалик 73 млн доллар кумаки бебозгашт ихтисос медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.