Дар Душанбе корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишагиву плостикӣ сохта мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Композит Т. А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишагиву плостикиро дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода изҳор дошт, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Композит Т. А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишагиву плостикиро дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода изҳор дошт, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии ин корхона ширкати «Композит Т. А.» ҳудуди 8 млн доллар маблағ сарф мекунад.

Барои сохтмони корхонаи мазкур 4 гектар қитъаи замин ҷудо шуда, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан наздики 100 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.

Мувофиқи нақша, иқтидори истеҳсолии корхона то 150 км қубур дар як сол ва масоҳати онҳо аз 300 мм то 3000 мм-ро ташкил хоҳад дод.

Истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона тахминан охири соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Ба гуфтаи Қодирзода, соли гузашта Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 7,5 млн доллар қубурҳои шишапластикӣ харид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.