Бори аввал “рушди иқтисодиёт” сабаби “лимит”-и барқ муаррифӣ гардид

Далер Ҷумъа, вазири энерегетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва тағйирёбии иқлим сабаби асосии маҳдуд кардани неруи барқ ё “лимит”-и барқ дар минтақаҳо аст. Ӯ имрӯз, 1-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи сабабҳои маҳдуд кардани нерӯи барқ посух дода, афзуд, талаботи дохилӣ ба нерӯи барқ бо суръати […]

Asia-Plus

Далер Ҷумъа, вазири энерегетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва тағйирёбии иқлим сабаби асосии маҳдуд кардани неруи барқ ё “лимит”-и барқ дар минтақаҳо аст.

Ӯ имрӯз, 1-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи сабабҳои маҳдуд кардани нерӯи барқ посух дода, афзуд, талаботи дохилӣ ба нерӯи барқ бо суръати баландтар рушд мекунад, ки ин чанд сабаб дорад.

“Сабаби асосӣ, рушди иқтисодиёти кишвар аст, ки дар соли 2023 ба 8,3 дарсад зиёд шудааст. Ин нишонаи он аст, ки қариб ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар рушд ёфта истодааст ва талабот ба барқ зиёд мешавад. Яъне яке аз сабабҳои асосӣ зиёд будани талабот ба барқ нисбати истеҳсолот аст”, – гуфт ӯ.

Ба таъкиди вай, сабаби дигар тағйирёбии иқлим аст, ки солҳои охир резиши об ба дарёҳо камтар шудааст.

Вазири энергетика ва захираҳои об аз боришоти тирамоҳи соли гузашта ва ду моҳи зимистони имсола мисол овард, ки ба гуфтааш, нисбат ба соли 2022 қариб 95 дарсад камтар шуд, ки “ба резиши об дар дарёи Вахш, ки аксари иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ дар он ҷойгир аст, таъсири манфии худро расонид”.

Ҳамасола сокинони деҳоти Тоҷикистон аз оғози мавсими тирамоҳу зимистон аз маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекунанд, ки он бештар бо номи “лимит” маъруф аст. Айни замон ба сокинони деҳот нерӯи барқ бо реҷаи маҳдуд – якчанд соат субҳ ва якчанд соати дигар шом дода мешавад.

Ҳарчанд ширкати “Барқи тоҷик” чанд соли охир, маҳдудияти нерӯи барқро инкор мекард, вале чанд соли охир реҷаи маҳдуди истифодаи барқро бар асари норасии захираҳои обиву энергетикӣ ва корҳои профилактикӣ рабт медиҳад.

Вале аҳолӣ бо ишора ба он ки Тоҷикистон ба кишвраҳое мисли Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад, мегӯянд, бояд пеш аз ҳама талаботи дохилиро қонеъ кард.

Тибқи иттилои оҷонсии омор, Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2023 ба маблағи беш аз 7,2 миллион доллар нерӯи барқ ​​содир кард, ки нисбат ба моҳи гузашта 3,8 баробар бештар аст.

Ба рушди иқтисодиёти кишвар рабт додани маҳдудияти барқ дар ҳолест, ки таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) гуфтанд, ки иқтисодиёти кишвар асосан аз ҳисоби савдо (2,3 банди фоизӣ) рушд кардааст.

Бояд гуфт, ки ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар соли 2023 дар кишвар 21,8 млрд кВт. соат барқ истеҳсол шудааст ва ин нисбат ба соли 2022-юм 2,2 дарсад зиёд мебошад. Қариб 95 фисади қувваи барқро неругоҳҳои обӣ ва боқимондаро неругоҳҳои гармидиҳӣ, инчунин неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.