Корхонаи тиллои “Зарафшон” ба мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол 2 млн сомонӣ дод

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Корхонаи муштараки истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин – “Зарафшон”  ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ 2 млн сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин корхона гуфтааст, ки дар сурати роҳ ёфтани мунтахаби миллӣ ба даври нимниҳоӣ (1/2) – 3 млн сомонӣ, барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ (финал) – 5 млн сомонӣ ва барои соҳиб гардидани Ҷоми Осиё оид ба футбол – 8 млн сомонӣ тақдим хоҳад кард.

Ҳамин тавр, дар умум, дар сурати пирӯзии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Осиё ин корхона 18 миллион сомонӣ тӯҳфа хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон Президенти ФФТ барои футболбозони тими миллии кишвар 450 ҳазор доллар ҷудо кард.

Рустами Эмомалӣ барои баромад аз гуруҳ 300 ҳазор доллар ва барои пирӯзӣ бар Лубнон ва роҳ ёфтан ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ 150 ҳазор доллари дигар дод.

Ҳамчунин, ба тими миллии Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми Осиё Федератсияи футболи қора низ 200 ҳазор доллар медиҳад.

Ҳамакнун, агар футболбозони тоҷик бар тими Урдун ғалаба карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёбанд, Рустами Эмомалӣ боз 200 ҳазор доллар ва Федератсияи футболи Осиё 1 млн доллар тақдим мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...