“Тоҷикистон имкон надорад”. Бартарии мутлақи Русия дар бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ

Роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Дилшод Сафарзода дар бораи риоя нашудани баробарӣ дар парвозҳо байни Тоҷикистон ва Русия сарфи назар аз созишномаи мавҷуда байни кишварҳо изҳори назар кард. Рӯзи 31 январ зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои соли 2023 Сафарзода таъкид дошт, ки ҳар як созишнома бандҳои ба худ хосе дорад, ки ба […]

Роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Дилшод Сафарзода дар бораи риоя нашудани баробарӣ дар парвозҳо байни Тоҷикистон ва Русия сарфи назар аз созишномаи мавҷуда байни кишварҳо изҳори назар кард.

Рӯзи 31 январ зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои соли 2023 Сафарзода таъкид дошт, ки ҳар як созишнома бандҳои ба худ хосе дорад, ки ба фарқиятҳо имкон медиҳад.

Сабаби аслии зиёд будани парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро ӯ имконоти маҳдуд дар худи Тоҷикистон унвон кард. Вай гуфт, Тоҷикистон барои парвоз тақрибан ба ҳамаи минтақаҳои Русия иҷоза дошта, аммо барои иҷрои парвоз ба он ҷойҳо имкон надорад.

Зикр шуд, ки феълан парки ягона ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Тоҷикистон маҳдуд аст. Ширкат 6 Boeing, чор 787-800 ва ду 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

"Ҳамин ки мо рақобатпазир шуда, 50% ҳамлу нақли ҳавоиро таъмин карда тавонем, шумораи парвозҳоямонро зиёд мекунем", – шарҳ дод Дилшод Сафарзода.

Ба гуфтаи ӯ, панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия – «Utair», «Уральские авиалинии», «Северный ветер», «Сибирь S7» ва «Ямал» ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳанд.

Ҳавопаймоҳои Русия 88%-и тамоми парвозҳоро анҷом дода, 12%-и боқимонда ба Тоҷикистон рост меояд.

"Тоҷик-Эйр" умедвор аст, ки хисороти ба ӯ расида пардохт мешавад

Дар навбати худ директори генералии ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» Парвиз Шодмонзода изҳор намуд, ки дар риоя нашудани баробарӣ раиси собиқи ширкати «Тоҷик-Эйр» Рустам Холиқов гунаҳкор аст. Қобили зикр аст, ки ин ширкат солҳои зиёд инҷониб (аз соли 2019) фаъолият намекунад.

«Ин дар замони директори қаблӣ оғоз шуда буд, ки ба зиёдшавии парвозҳо аз Русия ҳавасманд буда, махсус нархи билетҳои “Тоҷик Эйр”-ро боло мебурд, то ки ба ширкатҳои Русия талабот зиёд шавад», – гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки бо назардошти қарзи “Тоҷик-Эйр”, ки дар замони раҳбарии Холиқов (солҳои 2014-2016) ба вуҷуд омада, 49 млн долларро ташкил додааст, ширкат ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

Аммо то ин дам ҳамагӣ 3 миллионаш баргардонида шудааст.

Масъалаи маблағи боқимонда ҳоло номаълум буда, лекин ширкат умедвор аст, ки ба наздикӣ Рустам Холиқов тамоми маблағро пардохт мекунад.

«Умедворем, ки қисми боқимондаи қарз пардохт мешавад ва ин имкон медиҳад, ки ҳавопаймоҳои нави баландсифат харидорӣ кунем», – гуфт намояндаи ширкат.

Шодмонзода итминон дод, ки пас аз барқарор шудани фаъолияти ширкат мушкили “риоя нашудан”-и баробарӣ ҳал хоҳад шуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ширкат ният дорад фаъолияти худро дар моҳи сентябри соли гузашта аз сар гирад, вале Дилшод Сафарзода таъйид кард, ки ин ҳанӯз имконнопазир аст, зеро то ҳол масъалаи харидории ҳавопаймоҳои нав барои ширкат ҳалли худро наёфтааст.

Ӯ шарҳ дод, ки дар ин маврид пешниҳодҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо бодиққат интихоб кардан лозим аст, то ҳолатҳои манфии пешина такрор нашаванд.

«Ҳоло роҳбарияти ширкати «Тоҷик-Эйр» дар якҷоягӣ бо Агентии авиатсияи гражданӣ ва Шӯрои нозирон сари ин масъала фаъолона кор мебарад. Мо тасмим гирифтем, ки ҳавопаймои пурсамарро интихоб кунем ва барои ин аз тамоми шӯроҳои назоратӣ дастуру супориш ва пешниҳодҳо омадаанд», – гуфт ӯ.

Ба лизинги ду ҳавопаймо аз Туркия чӣ шуд?

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба лизинги ду ҳавопаймои истифодашудаи Airbus аз ширкати туркии “Southwind”, ки соли 2023 эълон шуда буд, директори генералии ширкат зикр кард, ки бо сабаби таҳримҳо алайҳи ин ширкат, «Тоҷик-Эйр» то ҳол нақшаҳои худро амалӣ карда наметавонад.

Ҳарчанд соли гузашта, ба гуфтаи ӯ, ду ҳавопаймо комилан омода буданд ва ҳатто дар он тамғаи "Тоҷик-Эйр" кашида шуда буд.

«Ҳамин ки таҳримҳо бекор шуданд, мо омодаем, ки созишномаи дахлдорро ба имзо расонем”, – илова кард Парвиз Шодмонзода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.