Кумитаи ҳифзи муҳити зист сабаби буридани дарахтонро дар Душанбе шарҳ дод

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода сабаби буридани баъзе дарахтонро дар Душанбе шарҳ дод.

Раиси Кумита зикр кард, ки корҳои ободонӣ ва сабзгардонӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ин ниҳод мебошад. Ба гуфтаи вай, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 млн 700 ҳазор ниҳоли дарахтони нав шинонида шудааст.

“Дар Тоҷикистон буридани дарахтон пурра манъ аст, ба истиснои баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла дар сурати зарурати санитарӣ ё дар ҳолате, ки дарахт хушк шуда бошад.

Дар ин гуна мавридҳо санади дахлдор тартиб дода шуда, танҳо баъди ин иҷоза дода мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Кумита Абдуқодири Мавлодод дар ин робита изҳор намуд, ки дар муқоиса бо дигар давлатҳо дар Тоҷикистон муносибат бо мушкили буридани дарахтон қатъитар аст.

Ба гуфтаи ӯ, агар як дарахт бурида шавад, ширкат ё бинокорон уҳдадор мешаванд, ки “ин зиёнро ба табиат ҳафт баробар зиёдтар ҷуброн кунанд”.

“Дар мавзеи гирду атрофи иншоот бинокорон ҳатман минтақаи сабз бунёд мекунанд”, – гуфт Абдуқодири Мавлодод.

Дар ҳамин ҳол ӯ таъкид дошт, ки муносибати аҳолӣ ба “буридани дарахтон дар шаҳр каме нодуруст аст”.

“Сокинони шаҳр бояд донанд, ки шаҳр мамнуъгоҳ”нест ва дар баъзе ҳолатҳо буридани дарахтон тадбири зарурӣ мебошад, масалан барои риояи меъёрҳои меъморӣ”, – зикр кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи чораҳои мубориза бо гармӣ дар шаҳрҳо бар асари сохтмони биноҳои баландошёна, раиси Кумита Шерализода таъкид намуд, ки “дар иншооти нави сохтмон ҳатман корҳои сабзгардонӣ гузаронида шуда, дар боми биноҳои баландошёна барои пешгирии беҳад гармшавии бино бунёди минтақаҳои сабз пешбинӣ шудаанд”.

“Ин тадбирҳо барои сабуксозии таъсири гармии тоқатфарсо равона шудаанд”, – чунин мешуморад раиси Кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...