Тоҷикистон ду қирғизи ба ҷиноятҳои вазнин дастдоштаро ба ихтиёри Қирғизистон супурд

Asia-Plus

Қурмонқул Зулушев, Додситони кулли Қирғизистон рӯзи 31 январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон ду шаҳрванди Қирғизистонро, ки баъди ҳодисаҳои марзӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт шуда буданд, ба ихтиёри Қирғизистон супурд. Дар ин бора АКИpress хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз алайҳи шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, ки надониста марзи ду кишварро убур кардаанд, парвандаи ҷиноӣ вуҷуд надорад.

«Чунин масъалаҳо бо тафоҳум ҳал мешаванд, – афзуд ӯ.- Перомуни ин масъала соли гузашта дар шаҳри Бодканд бо Додситони кулли Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир кардем, дар ҷараёни он тамоми масъалаҳо баррасӣ шуд».

Зулушев хабар дод, ки дар Тоҷикистон 22 шаҳрванди Қирғизистон маҳкум шудаанд. Нисбати 7 шаҳрванди Қирғизистон дархости хешовандон барои интиқол ба Қирғизистон гирифта шуда, онҳо дар Раёсати корҳои байналмилалӣ баррасӣ мешаванд.

Зикр шуд, ки аз ин афрод 20 нафар барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, 1 нафар барои куштор, 1 нафар барои ҳамкорӣ бо созмони ифротӣ маҳкум шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...