Русия ҷиҳати нашри китобҳо барои мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон 200 млн рубл ҷудо кард

Asia-Plus

Аз 1 сентябри соли 2024 ҳамаи синфҳои русии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо китобҳои дарсӣ таъмин карда мешаванд. Нашри китобҳои дарсиро ҷониби Русия ба уҳда гирифта, барои ин 200 млн рубл ҷудо кардааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин масъала дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Русия Михаил Мишустин дар Русия (ноябри соли 2023 – идора) баррасӣ шудааст.

“Имрӯз дар ҷумҳурӣ 244 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо синфҳои русӣ ва 60 мактаби пурра таълимашон бо забони русӣ амал мекунанд. Ҳозир мутахассисони Русия ва Тоҷикистон барои мутобиқ сохтани китобҳои  бо назардошти меъёрҳои миллӣ кор мекунанд. Онҳо моҳи феврал бояд натиҷаҳои кори худро пешниҳод кунанд. Дар назар аст, ки китобҳои дарсӣ то оғози соли ояндаи хониш ба мактабҳо расонида шаванд”, – гуфт вазир.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 дар Тоҷикистон бо дастгирии Русия панҷ мактаби таълимашон бо забони русӣ боз шуд.

Раҳим Саидзода изҳор намуд, ки соли 2023 дар маҷмӯъ зиёда аз 6 млн китобҳои дарсӣ нашр шудааст.

“Ин имкон дод, ки мактабҳо 94% бо китобҳо таъмин шаванд. Масалан, соли 2022 ин нишондиҳанда 63%-ро ташкил дода буд. Тӯли як сол бо дастгирии молиявии ҳукумат ва шарикони рушд мо тавонистем, ки ин нишондиҳандаро 31% зиёд кунем”, – иброз дошт вазир.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои пардохти иҷораи китобҳои дарсӣ низоми биллингӣ ҷорӣ хоҳад шуд.

“Айни замон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм лоиҳа таҳия мешавад. Волидон пули иҷораи китобҳои дарсиро метавонанд тариқи телефон пардохт кунанд, ба онҳо паёмак (смс) бо маълумот дар бораи китоб ва маблағи пули иҷора фиристода мешавад.   Мо байни ширкатҳое, ки ба насби низоми биллангӣ машғуланд, озмун эълон кардем. Умедворем, ки то оғози соли нави хониш пурра ба низоми биллингии пардохти иҷораи китобҳо гузарем”, – афзуд вазир.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...