“Тақозои замон аст”. Дар 140 мактаби Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола таҷриба мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҳоло дар 140 мактаби Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ шудааст. Дар сурати мувофиқ омадан ва таҳлилҳои мутахассисин низоми мазкур пурра қабул ва роҳандозӣ мешавад.

Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм, 2-юми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, “Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд муҳити таълимии худро ба муҳити ягонаи ҷаҳонии таҳсилоти байналмилалӣ мутобиқ созад”, – гуфт Абдулзода.

Ба гуфтаи муовини вазир, низоми баҳодиҳии 5-хола имкони баҳогузорӣ, ташхис ва ҳавасмандии хонандагонро маҳдуд мекунад ва ба талаботи муосири таълим ҷавобгӯ нест.

“Дар 140 муассисаи таълимӣ санҷишҳои озмоишӣ гузаронида истодаем ва гурӯҳҳои корӣ тамоми паҳлӯҳои ин масъаларо бодиққат омӯхта ва таҳлил мекунанд. Пас аз анҷоми давраи таҷрибавӣ ва бо дарназардошти натиҷаҳои санҷиш, пешниҳоду дархостҳои ҷонибҳо Вазорати маориф ва илм ба нақша гирифтааст, ки Низомномаи онро дар мактабҳоро таҳия намояд”, – гуфт номбурда.

Дар ин маводи “Азия-Плюс” доир ба зарурати ҷорисозии низоми нав ва фарқияти он аз низоми пешина маълумоти муфассал гирдоварӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...