Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, ҷонибдори ба ҷои истилоҳоти байналмилалӣ истифода кардани истилоҳоти миллӣ аст. Ӯ беҳтар медонад, ки ба ҷои калимаҳои “суд”, “прократура” ва “гумрук”-у “суғурта” вожаҳои тоҷикии “додгоҳ”, “додситон” ва “боҷхона”-ву “бима” истифода шаванд. Забоншиносон ҷонибдори расман қабул шудани истилоҳоти миллӣ мебошанд.
Олимҷон Муҳаммадзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, ки “дар баробари истилоҳоти байналмилалӣ агар мо истилоҳоти миллии худро дошта бошем, бояд аз он истифода барем”.
“Ҳамеша афзалият дода мешавад ба забони давлатӣ. Дар сурати набудани муодил дар забони тоҷикӣ, мо метавонем, ки истилоҳоти байналмилалиро истифода барем”, – гуфт раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.
Ӯ гуфт, мо дар ҳоли ҳозир ҳама санадҳои меъёриву ҳуқуқиро якбора иваз карда наметавонем, зеро “ин ҷанбаи молиявӣ дорад, инчунин, мардумро якбора ба гумроҳӣ мебарад”.
“Ман мутахассиси таърихи забон ҳастам ва ҷонибдори истифодаи калимаҳои миллӣ мебошам, аммо барои ин вақт лозим аст. Масалан, соли 1995 мо ба ҷои калимаи русии “статистика” вожаи тоҷикии “омор” истифода кардем, вале он мардумро ба сардаргумӣ бурд. Ҳоло ҳама ин вожаро хуб мефаҳманд”, – гуфт Олимҷон Муҳаммадзода.
Ӯ зикр намуд, ки дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба ҷои калимаи туркии “гумрук” вожаи тоҷикии “боҷхона”, ба ҷои “суғурта” вожаи “бима”-ро пешниҳод кардаанд, аммо барои қабули ин истилоҳот вақт зарур аст.
Номбурда ба ҷои калимаҳои “суд” ва “прократура” истифодаи вожаҳои тоҷикии “додгоҳ” ва “додситон”-ро беҳтар донист.
Ин бори аввал аст, ки як мансабдори тоҷик ба ҷои истилоҳоти байналмилалӣ истифодаи истилоҳоти тоҷикиро ҷонибдорӣ мекунад. Вале забоншиносон бар ин назаранд, ки “ин ҳарфҳо на танҳо дар забон, балки дар амал ҳам бояд татбиқ шавад”.
“Бояд калимаҳои тоҷикӣ расмӣ қабул шавад”
Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси тоҷик дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “аз истифодаи истилоҳоти миллӣ ҷонибдорӣ кардан кифоя нест, онро бояд расмӣ кунем”.
“Ҳама кори давлат ҳазина дорад ва он ҳазина ҳам аз ҷониби ҳукумат пардохт карда мешавад. Дар ин ҳол ҳазина ҳисоб кардан баҳонае беш нест. Дар 1 шаб номи 88 деҳаро иваз карда метавонанд, чаро 4 истилоҳро қабул карда наметавонистаанд?”, – суол гузошт Умед Ҷайҳонӣ.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанд соли ахир баҳси тоҷикӣ кардани номи ниҳодҳо, рутбаҳои низомӣ ва дигар ҷойномҳо дар Тоҷикистон доғ мебошад. Лоиҳаи муодилҳои тоҷикии рутбаҳои ҳарбии кишвар ҳам ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод шуда буд.
Кумитаи забон ва истилоҳот ин лоиҳаро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, вале он аз ҷониби ҳукумат рад карда шуд.


