Болоравии нафақаи соли гузашта аз ҳозира чӣ фарқ дорад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон фарқияти байни болоравии нафақаи соли гузашта ва 30%-и имсоларо шарҳ доданд.

Имрӯз, 7 феврал зимни нишасти матбуотӣ муовини директори Агентӣ Аламхон Наимӣ дар ин робита изҳор намуд, ки агар соли гузашта нафақаи заминавӣ (асосӣ), ки ба 250 сомонӣ баробар аст, 20% афзуда бошад, пас имсол тамоми нафақа зиёд мешавад.

Масалан, агар нафақахӯр 500 сомонӣ гирад, пас ба ин маблағ 30 фоиз, яъне 150 сомонӣ изофа мешавад.

Нафақаи миёна соли 2023 дар Тоҷикистон зиёда аз 375 сомониро ташкил дод, ки 14,5% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Ба иттилои Агентӣ, то 1 январи соли 2024 ҳаҷми миёнаи нафақаҳо маблағи зеринро ташкил дод:

– нафақаи меҳнатӣ – 447,7 сомонӣ

– нафақаи суғуртавӣ – 364,8 сомонӣ

– нафақаи иҷтимоӣ – 271,41 сомонӣ.

То 1 январи соли 2024 теъдоди умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон 796 ҳазору 089 нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳазору 756 нафар ё худ 4,3% зиёдтар аст.

Наимӣ хабар дод, ки дар соли 2023 теъдоди умумии гирандагони кумакпулиҳои иҷтимоӣ тибқи маълумоти пешакӣ, ба 223 ҳазору 350 нафар расидааст, ки 8,3% ё худ 17 ҳазору 249 нафар зиёдтар мебошад.

Муовини директор ҳамчунин зикр кард, ки ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 4 млрд 086 млн сомонӣ (зиёда аз 372,8 млн доллар) маблағ ворид шудааст, ки 550,6 млн сомонӣ (47,3 млн доллар) ё худ 14,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ба гуфтаи Аламхон Наимӣ, дар соли 2024 барои аз 1 июл зиёд кардани ҳаҷми нафақаҳои амалкунандаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин изофапулиҳо ба андозаи 30% аз ҳаҷми муқараррагрдида як қатор тадбирҳо дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...